Изҳороти фаврӣ

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ нигаронии амиқи худро баён дошта нигоҳ доштани Маҳмурод Одинаев маҳбуси сиёсӣ, маъюб ва беморро барои як моҳ дар ҳуҷраи танбеҳдиҳӣ (ШИЗО), ҷинояти ошкоро алайҳи ҳуқуқи инсон медонад.
Ин амал на танҳо нақзи қонун, балки шиканҷаи пинҳонӣ ва ба тамоми маънои он мебошад.

Мақомоти зиндони Ваҳдат бо пинҳонкорӣ, беэътиноӣ ба саломатии маҳбус ва маҳрум кардан аз табобати зарурӣ масъули бад шудани вазъи ҷисмонии ӯ ҳастанд. Афзоиши бемориҳо ва нотавонии ҳаракат натиҷаи мустақими ҳамин муносибати ғайриинсонӣ мебошад.

Иддаоҳои мақомот дар бораи расонидани ёрии тиббӣ дурӯғи ошкоранд.
КШНГЗСТ талаб мекунад, ки ба ин амалҳо нуқта гузошта шуда, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Хомӯшӣ дар баробари чунин зулм зулми дигарест.

КШНГЗСТ таваҷҷуҳи фаврии созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон аз ҷумла СММ, Amnesty International, Human Rights Watch ва дигар ниҳодҳои мустақилро ба қазияи Маҳмурод Одинаев ҷалб менамояд.

Маҳбуси сиёсӣ ва маъюб Маҳмурод Одинаев дар зиндони Ваҳдат барои як моҳ дар ҳуҷраи танбеҳдиҳӣ (ШИЗО) нигаҳ дошта шуда, аз муолиҷаи фаврӣ маҳрум гардидааст. Ин амал боиси шадидан бад шудани вазъи саломатии ӯ шуда, нишонаи равшани муносибати ғайриинсонӣ ва фишору шиканҷа мебошад.

Мақомоти тоҷик то ҳол шарҳи шаффоф ва қонунии ин тасмимро пешниҳод накардаанд. Изҳороти расмӣ дар бораи таъмини ёрии тиббӣ воқеъият надорад.

КШНГЗСТ дастрасии фаврӣ ба муоинаи мустақили тиббӣ, қатъи ҳама гуна фишор ва шиканҷаро талаб карда, таҳқиқи мустақили ҳолати мазкур ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, хусусан дар мавриди ҳуқуқи зиндониёнро талаб менамояд.
Масъулияти нигаҳдории дурӯсти маҳбус, пурра бар дӯши мақомоти давлатӣ мебошад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ
Варшав, Лаҳистон
22.01.2026

Оставить комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑