Муҳтарам ҷаноби Вазир.
Мо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолони сиёсӣ, озодихоҳон ва мухолифони сиёсӣ, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият дорем, бо эҳтироми зиёд ин муроҷиатро ба Шумо ирсол менамоем.
Бо нигаронии амиқ ба иттилоъ мерасонем, ки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон — ҷаноби Имомуддин Саторов, аз мақом ва имтиёзҳои дипломатии худ суистифода намуда, ба фаъолиятҳое даст мезанад, ки берун аз доираи ваколат ва уҳдадориҳои расмии дипломатӣ қарор доранд.
Тибқи иттилооти мавҷуда, фаъолияти мазкур бо дастуру супоришҳои сохторҳои амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд буда, ҷамъоварии маълумот дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла мухолифони сиёсӣ ва фаъолони озодихоҳро дар бар мегирад. Ҳамчунин, бо мусоидат ва саҳми ҷаноби Саторов дар қаламрави Олмон созмоне бо номи “Пайванд” фаъолият менамояд, ки худро ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ муаррифӣ мекунад, вале дар амал, тибқи маълумоти мо, ба фаъолияти таблиғотӣ ва иттилоотии сохторҳои амниятии ҳукумати Тоҷикистон машғул мебошад.
Гузашта аз ин, маълум аст, ки тавассути ин шабака аз бархе донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бахши хизматрасонӣ ва меҳмонхонаҳо фаъолият доранд, талаб карда мешавад, ки дар бораи ҷойи кор, фаъолияти худ, ҳамкорон ва мусофироне, ки дар он меҳмонхонаҳо иқомат мекунанд, маълумот ҷамъоварӣ ва ба сафорат пешниҳод намоянд.
Инчунин ёдовар мешавем, ки ҷаноби Имомуддин Саторов дар солҳои 2014–2021 вазифаи сафири Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Федератсияи Русия бар уҳда дошт. Барои аксари муҳоҷирон маълум аст, ки дар он давра, бо ҳамоҳангӣ бо сохторҳои амниятии Русия, садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла ғайриқонунӣ, ба Тоҷикистон интиқол дода шуда, баъдан мавриди таъқиб ва маҳрумият аз озодӣ қарор гирифтаанд. Ҳамчунин, маълумот вуҷуд дорад, ки ӯ аз замони донишҷӯӣ бо мақомоти амниятии собиқ шӯравӣ ҳамкорӣ дошта ва то ҳол робитаҳои худро бо сохторҳои ҷосусии Русия нигоҳ доштааст.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, мо бо эҳтиром аз Шумо, ҷаноби Вазир, хоҳиш менамоем, ки фаъолияти чунин шахсонеро, ки таҳти ниқоби мақоми дипломатӣ амал намуда, метавонанд ба амнияти миллӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти ҷомеаи Олмон ва паноҳандагону шаҳрвандони Тоҷикистон дар Олмон таҳдид эҷод намоянд, ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода, чораҳои дахлдорро андешед.
Мо умед дорем, ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ҳамчун ниҳоди пойбанд ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва арзишҳои демократӣ, ба ин муроҷиат беэътиноӣ нахоҳад кард.
Бо камоли эҳтиром,
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ,
фаъолони сиёсӣ ва мухолифони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар поён чанд намуна аз боздошту зиндонӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро пешниҳод мекунем, ки ин мушт намунаи хирвор аст ва ҷаноби Сатторов барнома дорад ин гуна амалҳоро дар Олмон ҳам пиёда созад.
- Меҳмоншо Шарифзода фаоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷомеашинос
- Абдусатор Бобоев раиси К Ш Н Г З С-ии Тоҷикистон
- Ҷамшед Ёров ҳуқуқшинос
- Суҳроби Ҷаҳон фаоли ҷомеаи шаҳрвандӣ
- Мануҷеҳри Куҳистонӣ фаоли сиёсӣ
- Абдулқодир Шехов роҳбари ҷамъияти тоҷикони “Нур” Олмон
- Шуҳрати Раҳматуллоҳ рӯзноманигор
- Аҳмад Карим фаоли сиёсӣ
- Дилшод Шарипов роҳбари “Гурӯҳи 24”
- Муҳаммадиқболи Садриддин роҳбари ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон
- Шарофиддин Гадоев роҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушти Тоҷикистон
- Фирӯзи Ҳаит рӯзноманигор
- Азимҷон Якинов фаоли сиёсӣ





Оставить комментарий