Таъзиянома

Бо андӯҳи амиқ хабари даргузашти модари муҳтарами донишманд Сайидюнуси Истаравшанӣ, фаъоли ҷомеаи маданӣ ва яке аз фаъолтарин узви Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистонро дарёфтем.

Аз даст додани модар фоҷиаи бузург ва дарде ҷуброннопазир аст. Модар сарчашмаи меҳр, сабр ва такягоҳи маънавии зиндагист. Дар ин лаҳзаҳои сангин, мо андӯҳи ҷаноби Истаравшанӣ ва хонаводаи муҳтарами ӯро андӯҳи худ медонем.

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон ба ҷаноби Истаравшанӣ ва тамоми аҳли оилаи марҳума сабри ҷамил, таҳаммул ва қуввати рӯҳ таманно менамояд.

Худованд марҳумаро ғарқи раҳмати бекарони худ гардонад, ҷойгоҳашонро биҳишти ҷовидон қарор диҳад ва бозмондагонро дар паноҳи лутфи худ нигоҳ дорад.

Ёди модар ҷовидон бод.

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон

Варшав. 28.01.2026

Оставить комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑