ИЗҲОРОТИ ФАВРӢ

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ аз ҳодисаи ба вуқӯъ пайваста дар таърихи 31.01.2026 дар боздоштгоҳи мувақатии ш. Хуҷанд огоҳ шуда ва нигаронии шадиди худро нисбати ин фоҷеа изҳор медорад.

Ҳодисаи тирпаронӣ дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд ва сукути тӯлонии мақомот як нишонаи хатарноки бепосухгӯйи, бемасулиятӣ ва таҳқири ошкори афкори ҷомеа мебошад.
Вақте як муассисаи зери назорати пурраи давлат ба саҳнаи куштори маҳбусон ва кормандони худ табдил меёбад, вале ниҳодҳои масъул рӯзҳо хомӯширо ихтиёр мекунанд ин дигар камбуди иттилоот нест балки пинҳонкорӣ, тарс аз ҳақиқат ва беэҳтиромӣ ба ҷомеа мебошад.

Дар кишваре, ки ҳар ҳаракати маҳбус зери назорати сахт қарор дорад рух додани чунин ҳодисаи хунин бидуни шарҳи расмӣ саволҳои сангинеро ба миён меорад, ки кӣ масули ин амал аст? Кӣ фармони оташ дод? Оё ҳамаи роҳҳои ғайризӯроварӣ ва хушунат пеш аз истифодаи силоҳ ба назар гирифта шуданд? Ва муҳимтар аз ҳама чаро ҷони маҳбус то ба ин ҳад беқадр шудааст?

Солҳо боз ҳар ошӯб дар зиндонҳои Тоҷикистон бо як айбномаи омода шарҳ дода мешаванд ва он «ифротгаройи». Ин барчасп ба як васила барои гурехтан аз масулият табдил ёфтааст. Мақомот бо ин роҳ қасдан аз баррасии омилҳои воқеъӣ шароити ғайриинсонӣ, серодами ва издиҳоми ғайри қобили таҳаммул, муносибати таҳқиромез, зӯроварӣ, шиканҷа, тамаъҷӯйи ва ноумедии комил канорагирӣ мекунанд. Ҳол он ки гузоришҳои ҳомиёни ҳуқуқ ва ниҳодҳои байналмилалӣ солҳост маҳз ҳамин мушкилотро решаи ошӯбҳо ном мебаранд.

Таърихи ин гуна ҳодисаҳо гувоҳи равшан аст. Хуҷанд ва Ваҳдат аллакай чанд бор ба саҳнаи исёнҳои хунин табдил ёфтаанд. Дар натиҷаи он ҳодисаҳо даҳҳо нафар ҷони худро аз даст доданд, аммо ҳеҷ гоҳ таҳқиқи мустақил, шаффоф ва боэътимод анҷом нашуд. Ҳеҷ кас ҷавобгар нашуд. Ҳеҷ дарсе гирифта нашуд. Ва имрӯз бори дигар хун рехта шуд.

Сукути чаҳоррӯзаи идораи зиндонҳои Вазорати адлия дар баробари чунин фоҷиа нишон медиҳад, ки низом на ба ислоҳ балки ба пӯшонидани ҳақиқат одат кардааст. Дар чунин фазо ҳар сухан дар бораи беҳтар шудани шароити зиндонҳо танҳо таблиғи холӣ ва таҳқири ақли ҷомеа аст бахусус
изҳороти ҳомиёни ҳуқуқ ва гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла баҳои вазорати корҳои хориҷаи Амрико дар бораи сериздихом будани зиндонҳои Тоҷикистон солҳост ки бе ҷавоб мемонанд.

Маҳбус новобаста аз гуноҳ инсон аст. Давлат ӯро зиндонӣ мекунад на маҳкум ба марг. Вақте давлат наметавонад амният ва шаъну ҳуқуқи инсонро дар дохили муассисаҳои худ таъмин кунад ва ба ҷои посухгӯӣ силоҳро роҳи ҳалли масъала мешуморад ин аломати заъфи низом аст на қудрати он.

То замоне ки мақомот ба сукут ва айбҷӯӣ ва сенарияҳои такрорӣ такя мекунанд зиндонҳо минбаъд низ ба нуқтаҳои таркиш табдил хоҳанд ёфт.

Хуни рехташуда дар боздоштгоҳи мувақатии ш.Хуҷанд танҳо натиҷаи як ҳодиса нест он маҳсули солҳо беадолатӣ, бепосухгӯӣ ва нодида гирифтани огоҳиҳост ва масъулияти ин фоҷиа мустақиман бар дӯши сохторест, ки ҳақиқатро аз ҷомеа пинҳон мекунад.

КШНГЗСТ аз тамоми созмонҳои ҳуқуқибашарӣ ва ҳақиқатёб талаб менамояд, ки фишорҳои худро нисбати ҳукумат ва мақомоти зидахли Тоҷикистон бештар намоянд ва роҳи ин ҳама қатлу куштори бепосух ва золимона гирифта шаванд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон


Варшава, Полша
03.02.2026

(акс аз родиюи “Озодӣ”)

Оставить комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑