Баъд аз ҳодисаҳои хунини моҳи майи соли 2022 11-нафар аз зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба ҳабси абад маҳкум кардаанд.
Ҳамаи онҳо пас аз саркӯби бераҳмонаи тазоҳуроти осоиштаи сокинони Бадахшон дар маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияи Рӯшон шаҳраки Вамар боздошт шудаанд.
Ҳама амалиётҳо тафтишотӣ ва мурофиаҳо паси дарҳои баста, бидуни дастрасӣ ба вакили мудофеъи ғайридавлатӣ сурат гирифтанд.
Дар маҷмӯъ, дар соли 2022 додгоҳҳои Тоҷикистон 16 ҳукми ҳабси абад содир кардааст
Рӯйхати сокинони ВМКБ, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд:
1. Толибек Айёмбеков — зодаи шаҳри Хоруғ.
2. Шерҷонов Наҷмиддин — зодаи шаҳри Хоруғ.
3. Шоширинов Имумназар — зодаи шаҳри Хоруғ.
4. Шамбиев Мунаввар — зодаи шаҳри Хоруғ.
5. Гулобов Ниёзшо — зодаи шаҳри Хоруғ.
6. Абдурахмонов Гуломалй — зодаи шаҳри Хоруғ.
7. Гулобов Аслан — зодаи шаҳри Хоруғ.
8. Дусмамадов Хайримамад — зодаи шаҳри Хоруғ.
9. Генерал Холбашов Холбаш — зодаи ноҳияи Рӯшон.
10. Шералиев Пахлавон — зодаи ноҳияи Рӯшон.
11. Кулмамадов Паллаев — зодаи ноҳияи Рӯшон.
Бешубҳа, бисёре аз ин ҳукмҳо бо нақзи тамоми ҳуқуқи боздоштшудаҳо ва бе риояи тартиботи гузарондани амалиёти тафтишотӣ ва тартиби баргӯзории мурофиаҳои додгоҳӣ, ки қонунгузории ҷории Тоҷикистон муаян кардааст, баргузор шудаанд.
Вақте додгоҳу додрас худаш на танҳо тибқи қонун амал намекунад, балки қонунро бо шиддат ва бо чунин дағалӣ вайрон мекунад, чӣ гуна мешавад адолат ҳукмфармо бошад?!
Тамоми сохторҳои давлатӣ дар ботлоқи фасод ғутта задаанд!
Ҳатто мардум зарбулмасале ихтироъ кардаанд, ки “агар пул надорӣ зиндонӣ нашав”. Яъне барои сабуктар кардани ҷабру ситами зиндонҳои ин ҳукумати фасодзада, ки аз зиндонҳои амирони Манғитӣ ҳеҷ камӣ надоранд бояд ҳаррӯза масраф бипардозӣ. Аз сару либос то доруву дармон ва хурду хурок — ҳама аз берун бояд овард. Ва барои оварданаш ҳам бояд маблағ пардоз кунӣ. Аз дарбон сар карда то роҳбари зиндон.
Бо вуҷуди ин ҳама зиндониён моҳҳо аз ҳуқуқи муаян кардаи қонун — дидор бо наздиконашон маҳруманд. Ҳамарӯза зиндониён аз як тартиби аз давраи шуравӣ боқи монда гӯзаронида мешаванд, ки чӣ офтоби сӯзон бошад чӣ сармои зимистон онҳо бояд дар ҳавлии зиндон бо тартиб нишинанд то ном ба ном тафтиш нашаванд, иҷозати аз ҷой хестан ва ҳаракате нишон додан надоранд.
Масалан, зиндонии сиёсӣ Убайдуллоҳи Розиқи 80-сола дасти кам ду бор ба камераи ҷаримавӣ интиқол дода шудааст, ки тартиби нигоҳдорӣ дар он хеле сангинтар аз камераҳои оддист.
Акнун худ ба худ савол диҳед, ки як муйсафеди 80-сола дар зиндон чӣ гуноҳе метавонад содир кунад, ки боз ба камераи ҷаримавӣ интиқол ёбад??
Ин аст, ки солҳост Созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар аз нақзи ҳуқуқи зиндониёни Тоҷикистон гуфта, аксаран низоми додгоҳии Тоҷикистонро бозичаи дасти Раҳмон ном мебарад. Аксари ҳукмҳои баровардаи он барои муҷозоти мухолифони ҳукумат содир карда шудаанд.
Танҳо ҳақиқате, ки ин парвандаҳо доранд ин аст, ки тақрибан ҳамаи нозирони мустақил, созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар, коллегияҳои адвокатҳо ва шоҳидони ҳол тасдиқ мекунанд, ки дар содир кардани ин ҳукмҳо ҳуқуқи маҳкумшудагон бераҳмона поймол шудааст.
#озодибазиндониёнисиёсӣ





Оставьте комментарий