Чӣ гуна аз истирдоди як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аллакай дар дохили ҳавопаймо буд пешгирӣ карда шуд?
Як рӯз пеш як шаҳрванди Тоҷикистонро аз фурудгоҳи шаҳри Варшаваи Лаҳистон бояд ба Тоҷикистон истирдод мекарданд, аммо дар соатҳои ахир ӯро аз фурудгоҳ баргардониданд. Истирдоди муҳоҷирон аз кишварҳои Аврупоӣ ба ватанашон як кори маъмулист, аммо баъзан шаҳрвандоне истирдод мешаванд, ки ҳомиёни ҳуқуқ аз истирдоди онҳо нигаронӣ мекунанд, вале то ҳол хеле кам воқеъ шудааст, ки аз истирдоди як нафар пешгирӣ карда шавад. Хусусан, аз нафаре, ки аллакай ба фурудгоҳ бурдаанд. Ба фурудгоҳ бурдани нафари истирдодшаванда чунин маъно дорад, ки аллакай додгоҳ ҳукми истирдоди ин нафарро бароварда ва масрафи истирдодашро ҳам пардохт кардаанд. Аммо, имрӯз мо шиҳиди он шудем, ки нафаре, ки бояд ҳатман истирдод мешуд, нашуд.
Меравем думболи қазия.
Раиси Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗТ) Бобоев Абдусаттор шоҳиди бевоситаи ин қазия дар фурудгоҳи Шопени шаҳри Варшава буд, ки ин ҷо бо ӯ роҷеъ ба ин қазия суҳбате меороем.
zindoniyon.com: Дуруд бар шумо! Аз Шумо, ки ба ҳайси раиси КШНГЗТ дар қазияи ҳимояи аз истирдоди Сорбон Абдураҳимзода иштирок доштед чанд суол доштем.
Лутфан, пеш аз ҳама як маълумоти кӯтоҳ дар бораи Сорбон Абдураҳимзода ба мо медодед. Ӯ кист ва чаро ба ин мушкил гирифтор шудааст?
Бобоев: С. Абдураҳимзода шаҳрванди Тоҷикистон буда 27 сол дорад. То воқеаҳои ахир ӯ бо ҳамроҳии падару модар ва зану ду фарзандаш дар Укроин умр ба сар мебурд. Пас аз ҳамлаи Русия ба Украин оилаи онҳо ба Лаҳистон омаданд, вале ӯ ва падарашро дар сарҳад боздошт карданд.
zindoniyon.com: Сабаби боздошти онҳо чӣ будааст?
Бобоев: Онҳоро бо дархости мақомоти тоҷик боздошт кардаанд.
zindoniyon.com: Шумо, яъне КШНГЗТ пеш аз қазияи имрӯза ҳам дар моҷарои Сорбон саҳмгӯзор будед, ва агар будед дар ин бора чанд сухан мегуфтед?
Бобоев: Мо аз рӯзи аввале, ки аз ин қазия огоҳ шудем онҳоро бо вакили дифоъ таъмин кардем, созмонҳои ҳуқуқиро дар ҷараён гӯзоштем, ба мақомоти дахлдор муроҷиатномаҳо фиристодем. Хулоса кушиш кардем дар канори наздиконашон бошем ва ҳар кумаке, ки аз дастамон биёяд ба онҳо расонем.
zindoniyon.com: Мо дидем, ки падараш ин рӯз дар озодӣ ва дар канори шумо дар фурудгоҳ буд? Ӯ чигуна ва кай озод шуд?
Бобоев: Падари С. Абдураҳимзода баъди 6 моҳи боздошт озод шуд, вале чи хеле медонед, қазияи писараш то имрӯз тул кашид.
zindoniyon.com: Кай Шумо хабар шудед, ки ӯро истирдод мекунанд?
Бобоев: Ногуфта намонад, ки вакили дифоъӣ Сорбон ҷаноби Богомол, яке аз вакилони маъруфи Лаҳистон аст. Бо кумаки ин вакил мо ба додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи башар шикоят бурда будем. Ва додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи башар қарор қабул карда буд, ки Абдураҳимзода ба ҳеҷ ваҷҳе ба Тоҷикистон истирдод нашавад.
Бубинед, мақомоти дахлдори Лаҳистон ҳам ҳамеша ба вакилаш ваъда медоданд, ки С. Абдураҳимзодаро озод хоҳанд кард, аммо чанд рӯз пеш хабаре расида буд, ки додгоҳи шаҳри Варшава ҳукми истирдоди ӯро баровардааст. Ва ногаҳон дирӯз субҳ хабари ногаҳонӣ расид, ки Сорбонро ҳамин ҳоло ба фурудгоҳ мебаранд ва бояд истирдод шавад. Ин хабарро падари Сорбон ба ман расонд. Дарҳол мо бо вакил тамос гирифтему фаврӣ дар фурудгоҳ ҷамъ шудем. Хушбахтона Анвар Деркач, ки замони будубошӣ ин оила вакили дифоъи онҳо дар Украина будааст, дар Варшава буду ӯ ҳам ба фурудгоҳ омад.
zindoniyon.com: Дар фурудгоҳ чӣ гузашт?
Бобоев: Воқеъан, вазъият хеле ҳасос буд. Чунки ба вакили дифоъаш расонданд, ки Сарбон Абдураҳимзода аллакай дар дохили ҳавопаймо аст. Лаҳза ба лаҳза умеде, ки доштем коҳиш меёфт. Аммо, дар охирин лаҳзаҳо аз истирдоди ӯ пешгирӣ карда шуд.
zindoniyon.com: Сабаби асосии пешгирӣ аз истирдоди ӯ дар чӣ буд?
Бобоев: Сабаби асосии қатъи истирдоди ӯ фикр мекунам, ки бозтоби васеъ додан ба ин қазия буд. Чунки мо дар даст ҳукми додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи башарро доштем ва инчунин мардуми зиёде бо шумули рӯзноманигорон дар фурудгоҳ ҷамъ шуда буданд. Ва ҳамаи ин омилҳо дар умум самараи хуб доданд ва ӯро аз ҳавопаймо поин карда ҷавоб доданд.
zindoniyon.com: Бешубҳа, пешгирӣ аз истирдоди Сарбон ба Тоҷикистон як падидаи то ин вақт беҳамтост. Шумо, ки ба ҳайси раиси КШНГЗТ аз аввал то охири қазия иштирок доштед, аз раванди пешгирии истирдоди як тоҷик ба Тоҷикистон чӣ бардоште гирифтед?
Бобоев: Воқеъан ҳам боваркарданӣ набуд, ки истирдоди ӯ пешгирӣ карда мешавад. Хусусан, вақте падараш занг заду гирён гуфт, ки Сорбонро аллакай фурудгоҳ мебаранд, ман аз таҷрибаҳои талхе, ки доштем умедам хеле кам буд. Ҳатто, вақте мо ба фурудгоҳ расидем ман ба вакили дифоъаш чанд сухани дурушт ҳам гуфтам, ки шумо ваъда дода будед, ки истирдод намешавад, вале ӯ аллакай дохили ҳавопаймо аст. Бечора модараш ҳам, ки худро аз Олмон расонида буд ҳолаш хеле бад буду беист гиря мекард. Хулоса, як саҳнаи хеле мудҳише буд он лаҳзаҳо. Вале дар ҳамин вақт ба вакилаш занг заданду гӯфтанд, ки Сорбонро аз ҳавопаймо поин карданд ва ҳавопаймо бе Сорбон парвоз кард. Дар як лаҳза ғаму андӯҳ ба хурсандӣ табдил ёфт. Гиряи модар давом дошт, вале ин гиря аллакай гиряи шодӣ буд. Ин саҳнаро дида ҳамаамон ашки шодӣ рехтем.
Дар ин ҷо як чизеро аз худам мехоҳам изофа кунам, ки бори дигар мутмаин шудам, ки иттиҳод ва иттифоқ таҳкурсии муваффақият аст. Ва мо бояд ҳамеша дар канори ҳамдигар бошем, ҳеҷ гоҳ ноумед нашавем, ҳатман пирӯз хоҳем шуд!
Зиндониён: Сипоси бепоён барои як сӯҳбати хеле самимӣ!
Бобоев: Ташаккури зиёд!





Оставить комментарий