РАҲМАТУЛЛОҲИ РАҶАБ 65 СОЛА ШУД!

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни сиёсии Тоҷикистон зодрӯзи марди шариф, инсони ҷасуру қавиирода ва зиндонии сиёсӣ Раҳматуллоҳи Раҷабро ба худи ӯ, ба пайвандонаш ва ҳамсангаронаш табрик мегӯяд!

Раҳматуллоҳи Раҷаб (Ҷобир Раҳматуллоҳи Раҷаб), сиёсатмадор ва фаъоли иҷтимоӣ, раиси бахши ҲНИТ дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва раиси шуъбаи интихоботии ҲНИТ. Узви Шӯрои Олии сиёсии ҲНИТ, 5 июни соли 1958 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст.

Соли 1995 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоддон хатм кардааст.

Раҳматулло Раҷаб дар солҳои 90-ум ба сафи ҳизб шомил шуда, аз соли 2005 то 2010 муовини раиси раёсати интихобот ва соли 2010 то 2013 мудири ин раёсат буд. Аз соли 2013 раиси бахши ҳизбии ҲНИТ дар НТҶ буд.

Фаромӯш накунед, ки шумо танҳо нестенд. Мардуми озодандеш ва ватандӯсти Тоҷикистон шуморо ҳаргиз фаромӯш накардааст. Ҳамагон орзуӣ ҳарчӣ тезтар озод шудани шумо ва дигар маҳбусони сиёсиро доранд ва умедвор ҳастем, ки ҳақ бар ботил ҳатман пирӯз мешавад ва адолат дар кишвари азизамон Тоҷикистон рӯзе тантана хоҳад кард ва ҳақ ба ҳақдор хоҳад расид!

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ҳарчӣ тезтар озод шудани Шуморо таманно карда ба Шумо саломатӣ ва истодагарӣ таманно мекунад.

Зодрӯз муборак бошад, устод Раҳматуллоҳи Раҷаб!

Оставить комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑