Зодрӯзи улгуи озодӣ ва ғурур муборак бошад!

Имрӯз устод Саидумар Ҳусайнӣ яке аз роҳбарони аршади ҲНИТ, яке аз шермардҳои собиқадори мубориз, зодрӯз дорад. Нафаре, ки ҳеҷ хиёнате ғурурашро нашикаст. Маҳбуси сиёсӣ бо ҳукми абад, намоди озодагӣ ва улгуйи ҷавонмардӣ дар зиндонӣ низоми саркубгар 62-умин солгарди зодрӯзашро истиқбол мекунад. Сайидумар Ҳусайнӣ барои мо улгу ҳаст, улгуи ғурур, озодагӣ ва ғайрат!

Сайидумар Ҳусайнӣ 10.06.1961 таввалуд шудаанд.

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон устод Саидумар Ҳусайнӣ кӯҳи ғуруру номуси инсониро ба муносибати зодрӯзашон табрику таҳният гуфта барояшон сиҳатию саломатӣ ва ҳарчи зудтар озодӣ аз зиндонро таманно менамояд. Худо кунад, ки устод ҳарчӣ зудтар неъмати озодӣ бичашанд ва мо аз баракати будан, дидор ва сӯҳбатҳои гармашон баҳравар бигардем!

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑