Имрӯз аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ, ду рӯзноманигоре, ки дар ҳама мароҳили додгоҳӣ бар бегуноҳии худ таъкид мекарданд, як сол пур шуд. Соли гузашта додгоҳ аввалиро ба 10 ва дувумиро ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард. Ин ду рӯзноманигор иттиҳомоти ворида алайҳи худро рад карда, тайи мактубҳое аз тариқи расонаҳо чанд суолеро ба мақомоти кишвар матраҳ карданд, ки то ҳанӯз ин суолҳо бидуни посух боқӣ мондаанд.
Дар солгарди боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ хабаргузории «Азия плюс» ба унвони танҳо расонаи тоҷикистонӣ аз солгарди боздошти эшон дар Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, бо ҳамсарони ин ду рӯзноманигори зиндонӣ суҳбат анҷом додааст. Ин вазъ бар парешонии ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва бетафовутии ин қишр дар ростои мушкилоти ҳамдигар ва дар маҷмуъ вазъи хафақон дар Тоҷикисон гувоҳӣ медиҳад.
Бар пояи суҳбати ин хабаргузорӣ бо Зайтуна Иноятова, ҳамсари Далери Имомалӣ ва Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳи Ғурбатӣ, ин ду рӯзноманигори ҷавон одитарин зиндагӣ доштанд, ки боздошти саробони ин хонаводаҳои ҷавон зарбаи равонию молии муҳкаме ба ин хонаводаҳо ворид кардааст, аммо муҳимтарин буъд дар ин раванд ин буда, ки муҳаббат дар ин оилаҳоро тақвият карда, гунае аз нангу номус ва ҷасорату шуҷоати зани тоҷикро дар мисоли эшон ба ҷилва даровардааст. Ин бори дигар собит намуд, ки муҳимтарин буъд дар зиндагии инсон ирода аст, ки дар сурати вуҷуди он дар ботини инсон ҳама гуна ҳамлае болои афродро хунсо хоҳад кард.
Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбати шевае ҷадиде аз рӯзноманигориро дар Тоҷикистон асос гузошта буданд ва он ҳам озодии онҳо аз ҳама гуна сиёсати идора буд ва ба шеваи хеле сода ҳар он чӣ медиданд, онро пешкаши мухотаби худ мекарданд. Чунин шева то ҷое кори Мақсуд Ҳусейнро ба ёд меовард, ки пас аз даргузашти ӯ риштаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳо тарзи кории ӯро мавриди омӯзиш қарор доранд. Аммо Далеру Абдуллоҳ бо фарқ аз Мақсуд Ҳусейн дунболи мушкили хос мегаштанд ва ҳарчанд ба ҳич расонае пайвандӣ надоштанд, талош мекарданд, меъёрҳои баробарии тарафҳо дар зимни таҳия матлабро риоят намоянд. Ин паҳлуи масъала аз муҳимтарин буъди рӯзноманигории муосир аст, ки дар сурати иҷрои риояти он бетарафии як рӯзноманигорро собит менамояд. Аммо чун дар Тоҷикистон, ки ҳуқуқи инсон аз камарзиштарин буъди зиндагист ва иттилоъро ҳам ба монополия табдил додаанд, ин гуна фаъолият ба гунаи иқдомоти музир арзёбӣ ва ба мухолифин муртабит дониста мешавад.
Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ ба ҳич гуна нерӯҳои мухолиф рабт надоштанд, дар ҳоле яке аз иттиҳомоти ворида дар нисбати онҳо ҳамин гуноҳ аст. Далели собити ин гуфтаҳо таъйид нашудани ин иттиҳом аз тарафи худи онҳост, дар ҳоле ки ҳатто боздошти нерӯҳои террористии воқеӣ дар сутуҳи байналмилал пайвандии худ ба ин ё он гурӯҳҳоро инкор намекунанд. Зеро чунин афрод, нафарони мухолиф бар асоси андеша ва гароиш масири фаъолияти худро интихоб мекунанд ва мухолифат бо ҳукуматҳо барои онҳо ҳич амали ғайритабиие нахоҳад буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин гуна рӯйкардҳо дар раванди ташаккули системаи сиёсӣ босароҳат метавон гуфт, ин ду нафар, ки рӯзноманигор буданд, ба ин хотир дар ҳич матлабе аз худ аз мухолифон нагуфтаанд ва аз онҳо низ ҷонибдорӣ накардаанд. Ҳатто аксари кулли матолиб ё маводи видеоии онҳо иҷтимоӣ буданд, на сиёсӣ. Пас онҳо рабте ба мухолифати сиёсӣ надоранд.
Дар ҳоле ин ду рӯзноманигор ва блогер дар баробари чанд нафар ҳамкасбони худ зиндонӣ шуданд, ки имсол ҳукумат ба ҳама ихтиёрдорӣ ба дастгоҳи таблиғотӣ ба блогерҳо рӯ овард ва аз онҳо дар ҷиҳати таблиғи фарҳанги миллӣ кумак хост. Агар аз тараф ин иқдом зери инҳисор қарор додани соҳае буд, аз тарафи дигар сиёсати нодуруст ва бебарномаи давлатиро ба намоиш гузошт. Зеро имконоти расонаии Ҳукумати Тоҷикистон чандин баробар бештар аз блогерон аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин иқтидор аз блогерони дур касби рӯзноманигорӣ тамаи тарғиби манофеи миллӣ кардан ба мисли кафангадоӣ аз як ҷасад аст.





Оставьте комментарий