ФАРОНСА: БА ТОҶИКИСТОН ИСТИРДОД КАРДА НАШАВАД


Кумитаи норвежии Ҳелсински имрӯз дар баёнияе эълон кард, ки Фаронса набояд дархости мақомоти Тоҷикистонро барои истердоди рӯзноманигори мустақил ба Тоҷикистон, ки дар маърази хатари шиканҷа ва бадрафтори қарор дорад, бароварда кунад

Аввали соли ҷорӣ, мақомоти Тоҷикистон бо ирсоли як дархосте аз мақомоти Фаронса хостори ихроҷи иҷбории Садрудинов Муҳаммадиқбол ба Тоҷикистон шудаанд.
Садрудинов Муҳаммадиқбол, ки аз соли 2012 Тоҷикистонро тарк кардааст, инак 6-сол боз сомонаи » Isloh.net» (Ислоҳ) як сомонаи мунтақидгар аз сомонаҳои мухолифони Аврупоиро роҳбарӣ мекунад.
Муҳаммадиқбол ҳамчун сармуҳаррири сомонаи «Ислоҳ» бо маводҳои танқидӣ ва ифшогариҳояш бар зиддӣ мубориза бо фасоди давлатӣ, нақзи шадиди ҳуқуқи башар ва саркуби дигарандешон аз сарсахттарин интиқодкунандагони режими имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон шинохта шудааст. Аз ин хотир мақомоти Тоҷикистон солҳост, ки дар пайи интиқомгирӣ аз Муҳаммадиқболанд, ва пайста кушиш мекунанд то ӯ ва сомонааш фаъолият надошта бошанд.

Худи М. Садрудинов ба Кумитаи норвежии Ҳелсинки гуфт,ки пас аз назарҳояш ва кушодани канали ютюби «Isloh.net» (Ислоҳ.нет) дар соли 2019 мақомот талошҳои худро барои таъқиби ӯ шадид карданд. Дар соли 2020 дар ҳоле ки ӯ қаблан таҳти таъқиб буд, мақомоти Тоҷикистон ӯро боз бо иттиҳоми қаллобӣ таҳти таъқиби дубора қарор доданд. Соли баъд мақомоти ин кишвар панҷ нафарро бо иттиҳоми иттилоърасонӣ бо Ислоҳ (Isloh) ва ҳамкорӣ бо ӯ ба мӯҳлати панҷ сол ба зиндон маҳкум карданд. Ҳангоме, ки ин афрод, дастгиршуданд, мақомот эълон намуд, ки сомонаи «Ислоҳ» сомонаи мамнуъ ва яке аз бахшҳои ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи мухолифин Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) медонад. Ва эълон кард, ҳар гуна робита бо ин сомона ҷурм дониста мешавад.

Режим дар Тоҷикистон солҳост, ки мунтақидонашро дар дохили кишвар дастаҷамъона зиндони карда ва мухолтфинро дар хориҷ таъқиб мекунад. Барит Линдеман, дабири кулли Кумитаи Ҳелсинкии Норвеҷ мегӯяд, ки кори мо возеҳ нишон медиҳад, ки ҳар мухолифе ба дасти мақомоти тоҷик биафтад, зери хатари шиканҷа ва бадрафторӣ меафтад ва ҳамчун зиндонии сиёсӣ ба ӯ бархурд мешавад. Фаронса наметавонад Муҳаммадиқболро мутобиқи принсипҳои демукросӣ, иҷборан ба Тоҷикистон баргардонад. Иттиҳомоте, ки мақомоти Тоҷикистон бар зиддӣ ӯ эълон кардаву ӯро таҳти таъқиб қарор додаанд, дар соли 2010 рух додаанд. Ба гуфти додситони кулли Тоҷикистон, Муҳаммадиқбол аз се нафар ба миқдори 430000 доллари Амрикои бо роҳи қаллобӣ маблағ гирифтааст.

Худи Муҳаммадиқбол ҳаргуна иттиҳомро бар алайҳаш рад мекунад ва иддаъо мекунад,ки ин ҳама иттиҳомот ангезаҳои сиёсӣ доранд ва барои сокит кардани ӯ ва қатъи фаъолияташ мебошанд. Дар воқеъ ин аввалинбор нест, ки мақомоти Тоҷикистон мунтақидон ва мухолифонашро ба иттиҳоми қаллобӣ муттаҳам мекунад. Иттиҳоми қаллобиро мақамот ба сари зиёде аз мухолифон бор кардаанд.
Кумитаи норвежии Ҳелсинки ҳадди ақал ҳашт мавриди дигарро дар ин бора исбот кардааст, ки дар он мақомоти Тоҷикистон мухолифинашро ба асоси моддаи 247 муттаҳам мекунад. Аз ҷумла вакили ҳуқуқи башар Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, бо чунин иттиҳом муттаҳам медонад. Муҳаммадиқболи Садрудинов даҳсолаҳост, ки зери таъқиби мақомоти Тоҷикистон қарор дорад. Чӣ гунае, ки ӯ ба Кумитаи норвежии Ҳелсинки гуфт аз соли 2012 пас аз ҳушдорҳо,ки мақомот ба дунболи ӯ ҳастанд. Тоҷикистонро ба қасди Қирғизистон тарк карда буд.

Дар Қирғизистон ҳам ӯ тавассути мақомоти амниятии Қирғизистон дастгир шуда ва ҳушдор дода шуд, ки агар ба зуди ин кишварро тарк накунад хатари истирдод ба Тоҷикистон ӯро таҳдид мекунад.

Ҳамин тавр моҳи ноябри соли 2015 ӯ Қирғизистонро ба қасди Қазоқистон тарк кард, вале мақомоти Қазоқистон ҳам гуфтанд, ки мумкин аст ӯро ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Барои ҳамин моҳи декабри соли 2015 М. Садруддинов Қазоқистонро бо мақсади Белоруссия тарк кард ва қабл аз оне ки дар Аврупо қарор бигирад дар Белоруссия низ ба мӯҳлати кӯтоҳе боздошт шуд. Аз соли 2017 дар Фаронса қарор дорад ва дар он ҷо ба ҳайси мудири Сомонаи «Ислоҳ» фаъолият мекунад.

(Кумитаи норвежии Ҳелсинки. 15.06.2023)

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑