Барои Шифо Раҳимҷонова
Бо Шифо ду рӯз пеш аз соли якуми таҳсил дар донишгоҳ шинос шудам. Охири моҳи август барои пур кардани анкета даъватамон карда буданд. Азбаски роҳам дур буд, барвақт омадам. Ба ҳамаи омадагон аҳамият дода, бо онҳо бесадо шинос мешудам. Ҳама ҷавону зебо, бо чеҳраи кушода ҷой интихоб карда менишастанд. Ва инак ӯ — ҷавондухтари хеле зебо аз зинаҳо боло шуду ҷониби ман омад ва паҳлӯям нишаст. Номашро пурсидам, Шифо гуфт. Ба худаш муносиб, гуфта аз дил гузаронда будам. Азбаски ҳоло муаллим набуд, дар бораи он ки ба факултаи журналистӣ ҳуҷҷат супорида буду нагузашт, бо таассуф нақл кард. Гуфтам, дар оянда метавонад журналист шавад, ҳамааш аз худи ӯ вобаста аст. Бале, гуфт, ниятам ҳамин аст. Фаҳмидам, ки шавҳар ва фарзанд дорад. То омадани муаллим, бо лаҳни ширини мардуми Бадахшон дар бораи нақшаҳояш гуфт.
Маълум шуд,ки ҳар ду дар як гурӯҳ номнавис шудаем. Бовар кунед,бисёр мехостам ба ӯ монанд бошам. ( дертар фаҳмидам, ки ман танҳо набудам.)
Намедонам тасодуф буд, ё таъсири ҳамдигар, ҳама дӯсту тифоқ будем — Шифо ҳам яке аз мо буд. На танҳо ҳамсабақ — дӯст ва рафиқи ҷонӣ. Бе пурсишу хоҳиш дасти ёрӣ дароз мекард, маслиҳат медод, дастгирӣ мекард. Ягон бор лафзи қабеҳашро нашунидаву рафтори дағалашро надидам. Босаводу ҳозирҷавоб, кушодачеҳра, озода, зебо ва бар замми ин хоксору заминӣ. Боре ҳис накардам,ки худро аз дигарон боло гузорад, ҳамсабақонро аз дигар навоҳӣ паст зада ё таҳқир карда бошад. Бале, бо дигар ҳамсабақони муқими Бадахшон пас аз дарс якҷоя мебаромаду хона мерафт, зеро ҷои зисташон умумӣ буд. Ибораи ман помири — ро шунида будам, вале аз Шифо не.
Пас аз хатми донишгоҳ чанд боре вохӯрда ҳамсӯҳбат шудем. Сӯҳбати дуру дарозе доштем: солҳои донишҷӯиро ба хотир овардему аз нақшаҳои оянда ҳарф гуфтем. Чун мо аз пайи зиндагӣ буду тарбияи фарзандон. Ду духтари зебову босавод ( мисли худаш) ба воя расондаву акнун роҳати зиндагиро мехост бинад — саёҳат кунаду ҷойҳои таърихиро тамошо кунад.
Баъдан хабардор шудам, ки ба сараш мусибат омадааст: хоҳараш пас аз таваллуд аз дунё гузашта, фарзанди навзодашро Шифои гирфтааст.
Бори охир,ки ӯро вохӯрдам Шифои пештараро надидам: рӯҳафтода ва озурда. Гуфт серкорам, кӯдаки хурдсол дорам — мехоҳам хоҳарзодаамро аз фарзандони худам беҳтар нигоҳубин кунаму ба воя расонам. Чуноне ки хоҳарам ният дошт, ҳамчунон ва ҳатто беҳтар аз он, ягона нишони ӯро калон кунам, то зани бообрӯ шаваду манфиаташ ба мардум расад. Зиндагии ҳақиқӣ бароям акнун сар шуд, гуфт андешамандона.
Ба фикрам 8 сол мешавад, ки Шифоро надидам.
#Ҳафтаибонувонизиндонӣ!
#ОзодӣбазиндониисиёсӣШифо_Раҳимҷонова.
#ОзодӣбазиндониисиёсӣСитора_Мирзомамадзода
#ОзодӣбазиндониисиёсӣМуҳиба_Давронова





Оставьте комментарий