ХУРСАНД ДАВЛАТМАМАДОВ — НАМОДИ ҚАҲРАМОНӢ

22 майи соли 2022, дар рӯзи куштори полковники мустаъфии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Мамадбоқир Мамадбоқиров, сокини дигари Хоруғ Хурсанд Давлатмамадов (соли таваллудаш 21.01.1988) аз тири нерӯҳои амниятӣ кушта шуд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2021 то моҳи майи соли 2022 чанд бор ба ҷони Мамадбоқиров суиқасд кард, ки ҳамааш бебарор анҷом ёфтанд.

Бо назардошти вазъи сокинони Хоруғ маҷбур шуданд, ки посбонии шабонарӯзии полковникро ташкил кунанд. Хурсанд Давлатмамадови 34-сола яке аз он ихтиёриён буд, ки Мамадбоқировро посбонӣ мекард.

22 майи соли 2022 Хурсанд Давлатмамадов дар хонаи полковники кушташуда навбатдор набуд. Ӯ тасодуфан ба ҷои куштор расид. Вай шоҳиди суиқасд гардид.

Хурсанд Давлатмамадов бо баробари дидани мошини шубҳанок, ки сӯи полковник меомад сӯи ӯ давид ва ҳангоме, ки онҳо оташ кушоданд, ба назди Мамадбоқир Мамадбоқиров худро расонда хост бо ҷисми худ полковникро аз тир наҷот диҳад. Вале ӯ аллакай ба замин афтодаву хуншор буд, давида, ӯро бо баданаш пӯшонид, вале қотилон ӯро ҳам парронданд.

Сарбозони таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба назди захмиён омада, боз чанд тири назоратӣ шиллик карданд ва баъд аз итминон ҳосил кардани он, ки ҳарду нафар кушта шудаанд, ба мошин савор шуда, рафтанд.

Мамадбоқир Мамадбоқиров ва Хурсанд Давлатмамадов дар ҷои ҳодиса ҳалок гардиданд. Як посбони дигари полковники мустаъфӣ сахт маҷруҳ гардид.

(Аз саҳифа ФБ Анора Саркорова)

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑