Як сол қабл, 23.06.2022, фаъоли шаҳрвандӣ Ҷонибек Чоршанбиев, ба Тоҷикистон истирдод карда шуд. Ӯро дар ватанаш барои иштирок дар сабти аввалин навори видеоии зодагони Бадахшон, ки дар он навор аз ҳукумати Тоҷикистон даъват шуд то мақомоти марбута волоияти қонунро риоя кунанд ва аз сиёсати саркӯбгарона нисбат ба зодагони ВМКБ даст кашанд, 10 сол зиндон карданд.
Ин фаъоли бадахшӣ шоми 9 июни соли 2022 ҳангоми аз кор ба хона баргаштанаш боздошт шуд. Боздошти ӯро маъмурони интизомии Русия анҷом доданд. Чоршанбиеви 38-соларо кормандони пулис ба замин хобонда ба дастонаш завлона баста бурданд, гӯиё ягон ҷинояткори махсусан хавфнок бошад.
Қобили зикр аст, ки Чоршанбиев тамоми заминаҳои қонунии будубош дар Русияро дошт, ягон нақзи қонунгузории муҳоҷирати ин кишварро дар ҳуҷҷатҳояш мушоҳида накардаанд.
Ҳангоме, ки Ҷонибек Чоршанбиев хамрохи ҳамкасбонаш бегоҳӣ аз коргоҳ берун баромад, мошине наздашон истод ва аз он 4—5 нафар фуромада ҳамкасбон ва дӯстони ӯро ба як сӯ тела дода, ба ӯ дарафтоданд. Ӯро мисли ҷинояткори хавфнок ба замин пахш карда, ба дасташ завлона зада, ба мошин бор карда, бурданд. Маҳз ҳамкоронаш ба наздикони ӯ аз ин ҳодиса хабар доданд. Дар шуъбаи пулис хеле саросемавор санадҳои ӯро такурӯ мекарданд, аммо ҳама ҳуҷҷатҳояш дурӯст буд. Ба ин нигоҳ накарда ҳама асноди ихроҷи ӯро зуд ба тартиб дароварданд то ӯро ба Тоҷикистон истирдод намоянд.
Аллакай, як рӯз пас, яъне 10 июни соли 2022 додгоҳе баргузор карданду бо вуҷуди мавҷуд набудани ягон қонуншиканӣ дар парвандаи ӯ, додгоҳ дар бораи ихроҷи Ҷонибек Чоршанбиев ҳукм баровард.
Додгоҳ бошад расман истирдоди ӯро “вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Федератсияи Русия” эълон кардаву ба гуфтаи додгоҳ, айби Чоршанбиев дар он будааст, ки ӯ дар ҷое, ки сабти ном кардааст зиндагӣ намекардааст. Таъкид мекунем, ки ин иттиҳомот ҳамагӣ бофта буданд.
Ин ҳама саросемагӣ дар аввал ғайритабии менамуд, вале баъдан аз рафтори мақомоти қудратӣ комилан маълум шуд, ки ҷониби Русия аз ҳамкорони тоҷикашон дархост гирифтаанд ва новобаста аз он, ки Ҷонибек Чоршанбиев ҳеҷ қонунвайронкуние дар Руссия анҷом надодааст ӯро саросемавор мехоҳанд ба Тоҷикистон супуранд.
Ҷониби Чоршанбиев аз болои қарори додгоҳ шикоят бурда тамоми ҳолатҳо ва ҷузъиёти парванда, аз ҷумла ангезаҳои сиёсӣ доштани қазия, таҳдиди шиканҷа ва зиндони тӯлонӣ дар сурати ихроҷ ба Тоҷикистони ӯро ҳам таъкид карданд. Вале, мурофиаи дуюм санаи 18.06.2022 бидуни иштироки Ҷонибек Чоршанбиев баргузор гардид.
Дар ҷараёни мурофиа дар назди вакили мудофеъи хонавода ва наздикони Чоршанбиев ҳамон кормандони ФСБ-и Русия, ки дар боздошти фаъоли бадахшӣ ширкат доштанд, ба назди додрас даромаданду сипас додгоҳ қарори истирдодро бетағйир гузошт.
Ҳимоятгар ба наздикони Чаршанбиев ошкоро иқрор шудааст, ки қарори истирдод бекор карда намешавад, зеро ба қазияи Чоршанбиев “одамони калон” таваҷҷӯҳ доранд. Яъне, фармоиш гирифтаанд. Додгоҳ пурра якҷониба ҳукм баровард, зеро содир кардани ҳукм холисона набуд. Баръакс, ба хонаводаи Чоршанбеев гуфтаанд, ки Шумо ҳеҷ кор карда наметавонед, зеро ин қазия аз ҷониби “роҳбарият” назорат мешавад”
Хешовандон бори саввум ба додгоҳ шикояти касатсионӣ бурданд, ки то баррасии он ихроҷи Чоршанбиев тибқи қонунгӯзорӣ мамнуъ мегашт, вале Чоршанбиевро аз маркази муҳоҷирати Сахаров берун бурда, ба Тоҷикистон истирдод карданд.
Додгоҳи Русия бо вуҷуди хатари таҳдид ба ҷони ӯ ва ангезаи сиёсӣ доштани парвандаи Чоршанбиев як фарди комилан бегуноҳро ихроҷ кард.
Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, дар маркази муҳоҷирати Сахарово Ҷонибек Чоршанбиевро 23.06.2022 қабл аз интиқол ба фурудгоҳ латукӯб ва шиканҷа ҳам кардаанд.
Дар худи марказ Ҷонибек Чоршанбиев ба кормандони интизомии Русия таъкид кардааст, ки парвандаашро холисона баррасӣ кунанд, зеро истирдоди ӯ ба Тоҷикистон барои ҳаёти ӯ хатар дорад ва инчунин шикояти ӯ ба додгоҳ, ки то ҳол баррасӣ нашудааст ба инобат гирифта шавад, вале ҳайҳот, аз санг садо буду аз онҳо не…
«Ман бо Ҷонибек сӯҳбат доштам, ки одамон ба камера даромада, ӯро латукӯб карданд. Ман шунидам, ки чӣ тавр ӯро мезаданд, дашном медоданд. Ӯ фарёд зад, ки ин чӣ даҳшат аст ва чаро бо ӯ чунин рафтор мекунанд? Ман ҳам дод задам, илтиҷо кардам… Аммо ҳеҷ чиз фоида надошт. Ӯро бо зӯри бо худ бурданд”, — гуфт шоҳиди айнӣ ба шарти ифшо нашудани номаш.
Пас аз истирдодаш ба ватан давоми 10 рӯз хешовандон дар бораи макони будубоши Чоршанбиев маълумот надоштанд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба дархости хонаводаи фаъоли бадахшӣ посух намедоданд.
24 июни соли 2022 маълум шуд, ки Ҷонибек Чоршанбиев дар боздоштгоҳи мувақатӣ дар Душанбе қарор дорад. Баъди як моҳ Чоршанбиевро ба СИЗО-и Душанбе интиқол доданд.
Дар Душанбе фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди шиканҷа ва латукӯб қарор гирифт. Як манбаи огоҳ гуфт, дар яке аз бозпурсиҳо муфаттиш аксҳои пешвои рӯҳонии исмоилия Оғохони 4-ро дар рӯи фарш пароканда карда ва Чоршанбиевро маҷбур мекунад, ки ба ин аксҳо туф кунад ва онҳоро поймол кунад. Барои саркашӣ аз ин талабҳо тамоми дандонҳои Ҷонибекро канда, бо истифода аз қувваи барқ ӯро шиканҷа, лату кӯб ва таҳқир кардаанд.
Ҷонибек Чоршанбиев танҳо барои қироати матни муроҷиате, ки дар он аз мақомоти Тоҷикистон даъват мешуд, ки ҳуқуқи инсон, қонун ва тартиботро риоя кунанд, 10 сол ҳукм дар зиндони низомаш шадидро гирифт.
Рафти амалиётҳои тафтишотӣ ва мурофиа пурра паси дарҳои баста сурат гирифт.
Як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо истифода аз қуваи барқ шиканҷа шудани Ҷонибек Чоршанбиевро тасдиқ кард.
Ҷонибек Чоршанбиев дар диаспораи помириҳои муқими Маскав раҳбарии ҷамоати Гулакени шаҳри Хоруғро бар ӯҳда дошт.
Дар соҳаи сохтмон кор мекард, бо меҳнати ҳалол, софдилона рӯзӣ меёфт, ба хешу табораш дар Тоҷикистон кўмак мекард.
Ҷонибек Чоршанбиев ягона писар ва саробони хонавода аст.
(Матлаб аз канали телеграмми Анора Саркорова, тарҷума аз zindoniyon.com)





Оставьте комментарий