Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон Шумо мардуми шарифи Тоҷикистон ва махсусан зиндониёни сиёсӣ ва аҳли пайвандонашонро бо фарорасии Иди Саиди Қурбон (Азҳо) самимона табрику муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованди якто мағфирати гуноҳон, ҳидоят ва устуворӣ дар роҳи ҳақ, саодатмандии дунё ва охиратро таманно менамоем!
Бигзор Худованди бузург аз баракоти ин лаҳзаҳои муборак ҳамаи моро бархурдор бигардонад ва зиндониёни мазлуми моро озодӣ ато фармояд!
Иди Қурбон замонест, ки мо садоқат, шафқат ва азхудгузаштагиро ҷашн мегирем. Бигзор аъмоли некатон раҳмати Худованди мутаъолро ба худ ҷалб кунад ва рӯзгоратонро пур аз шодӣ гардонад.
Бигзор Иди Қурбон ба замони ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагӣ табдил ёбад. Бигзор он хамаи моро дар якдилӣ муттахид намуда, ба чаҳони мо сулҳу осоиш оварад.
Бо таманнои амалишавии ҳама нияту орзуҳои нек як бори дигар ҳамаи Шумо ва кулли мусалмонони дунёро ба муносибати Иди Саъиди Қурбон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон хушҳолии рӯзгор, саломативу бурдборӣ, ва файзу баракатро таманно менамоем!
Саломату сарбаланду озода бошед!
Бо як ҷаҳон меҳру муҳаббати самимӣ, Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон
28.06.2023 Варшава.





Оставьте комментарий