Ба Дафтари ҳуқуқи башари СММ дар Аврупо,
Ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар Истрасбурги Фаронса, Роберт Спано.
Ҷаноби Роберт Спано, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки пайваста вазъи баъди зиндониҳо, шиканҷа, бадрафтори нисбат ба зиндониён ва гаравгонони сиёсии Тоҷикистон ва фишору таҳдид ба хонаводаи онҳоро назора мекунад, аз вазъи фоҷеабори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон сахт нигарон аст. 30 соли роҳбарӣ, дар қабзаи худ ва хонаводаи худ нигоҳ доштани ҳокимият Эмомалӣ Раҳмонро ба золимтарин роҳбар табдил дод. Дар ин 30 сол ин режими золими хонаводагӣ тамоми ҳуқуқҳои инсонро поймол намуда, инсонро ба беарзиштарин мавҷудот табдил дод. Тоҷикистон ба кишвари ҳақир ва фасодзада мубадал гашт. Тибқи нишондоди ташкилоти ғайридавлатии Transparency International Тоҷикистон аз ҷиҳати фасод дар ҷойи 151-ум меистад. Дар шохиси фишор ба озодии баён бошад, тибқи гузориши Созмони Хабарнигорони бидуни марз (Reporters Without Borders) дар гузориши солонаи худ Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои саркӯбгари озодии баён ва наздик ба хатти «сиёҳ» ҷой номида дар ҷои 161-ум ҷойнишин кардааст.
Қатлу куштор, шиканҷа, зӯроварӣ бо тӯҳмату бӯҳтон зиндонӣ намудани мардум аз ҷониби ин режими хуношом ба як одати маъмулӣ табдил ёфтааст. Танҳо аз хонаводаи Муҳаммадиқболи Садриддин 72 нафар таҳти фишору таъқиб қарор гирифта маҷбур шудаанд, ки Тоҷикистонро тарк кунанд. Танҳо дар Фаронса 37 узви ин хонавода талаби паноҳандагӣ кардаанд. Феълан дар дохили кишвар 23 нафар аз оилаи ӯ зери фишори мақомот ба хотири фаолияти журналистии ӯ қарор доранд.
Ва ҳарчанд созмонҳои ҳуқуқи инсон ва Кумитаи оид ба ҳуқуқи инсони СММ борҳо аз Тоҷикистон дархост карда бошанд, ки ба ҳуқуқи инсон арҷ гузорад, Эмомалӣ Раҳмон ин ҳама дархостро нодида мегирад. Дар худи соли 2022-23 дар Тоҷикистон 8 блогеру журналист зиндонӣ шуданд. Мардум ҳатто барои як лайк дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои 5-7 сол ба зиндон мераванд. Мардум барои ҳуқуқҳои худ садо баланд карда наметавонанд. Соли 2022 барои мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки тазоҳуроти осоишта карда буданд ба таври фоҷеавӣ тамом шуд. Эмомалӣ Раҳмон фармони тир кушодан ба сӯи нафарони бесилоҳро дод ва баъдан дар ҳама ҷо эълон кард, ки инҳо бо гуруҳҳои тероористӣ ҳамкорӣ доштанд. Дар асл мардум ягон намуди силоҳ надоштанд (ҳуҷҷатҳо пешниҳод мешаванд) Баъди куштани мардуми осоишта то имрӯз фишор болои мардуми ин минтақа давом дошта бо баҳонаҳои гуногун ҷавонҳоро зиндонӣ мекунанд. Имрӯз беш аз 1000 нафар дар зиндонҳои Тоҷикистон ба ҳайси маҳбуси сиёсӣ ба сар мебаранд. Аз як худи ноҳияи Рӯшон, ки наздики 40 нафар ҷавононаш дар тазоҳуроти осоишта кушта шуданд 100 нафар зиндонӣ шуданд, аз шаҳри Хоруғ 120 нафар. 11 нафар зодагони вилоят ҳукми якумрӣ гирифтанд. Ҳукмҳо ҳама паси дарҳои баста ва бидуни вакили дифоъ ҷараён мегиранд. Ба замми ин на фақат маҳбуси сиёсӣ, балки хешу табори ӯ низ зери фишори сахти мақомот қарор дошта, мардум аз Тоҷикистон рӯ ба гурез овардаанд. Аммо Раҳмон ба ин қаноат накарда дар дигар кишварҳо ҳам мухолифони ҳукуматро таъқиб мекунад. Таҷрибаи талхӣ аз Русия рабуда шудан ва баъдан ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ кардани мухолифон дар Тоҷикистон имрӯз як фазои ноумедиро дар байни мухолифон ба вуҷуд овардааст. Ба замми ин чанд вақт пештар аз Олмон писари як мухолифи тоҷик ба Тоҷикистон истирдод шуда дар он ҷо барои 7 сол ҳукм гирифт. Ҷавоне, ки ба сиёсат кор надошт ва падараш мухолифи режими Раҳмон буд. Ду се сол пештар як ҷавони дигари тоҷик аз Утриш истирдод ва ба мухлати 20 сол дар Тоҷикистон зиндонӣ шуд. Ҳоло ҳабар ёфтем, ки Раҳмон тамоми қувваи худро ба он равона кардааст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин, як мухолифи дигари тоҷикро, ки 7 сол боз дар Фаронса чун паноҳҷӯ ба сар мебарад ба Тоҷикистон баргардонад. Имрӯз тамоми нерӯи сохторҳои қудратии Раҳмон ба бадном кардани ин Муҳаммадиқболи Садриддин равона карда шудааст. Тавре медонем Тоҷикистон зери чандин санадҳои байналсмилалӣ имзо гузоштааст ва яке аз онҳо ҳам конвентсияи “Ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва озодиҳои инсон” мебошад. Дар яке аз бандҳои ин конвентсия гуфта шудааст, ки “Конвентсия зидди шиканҷа ва соири рафторҳо ва муҷозотҳои золимонаи ғайринсониву таҳқиромез аст”, ҳукумат филмҳои пур аз фитнаву таҳқир сохта дар он на фақат ин мухолиф, балки падари раҳматиашро низ таҳқир мекунад. Ҳоло ки барои баргардонидани ин мухолиф ба Тоҷикистон талош доранд, медонем, ки ин режим ва ин ҳукумати худкома Муҳаммадиқболи Садриддинро зинда нахоҳанд гузошт. Маълум, ки Раҳмон зери фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳукми қатл манатория эълон кардааст, лек дар зиндонҳои Тоҷикистон аз азобу шиканҷае. Ки зиндониён мебинанд, ҳукми қатлро ҷазои сабук барои худ медонанд. Нигарони мо ҳам аз он аст, ки агар ин мухолиф ба Тоҷикистон баргардонида шавад, ӯро ба ҳабси якумрӣ маҳкум намуда, ҳар рӯз мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор хоҳанд дод. Ин аст, ки хабари моҳи сентябр ба Фаронса омадани прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, ки ҳомии ҷаллодони ин режим аст, моро сахт нигарон кардааст. Дар кишваре, ки барои як лайк одамро барои 7 сол равонаи зиндон мекунанд, муносибат бо як мухолифе, ки ҳамарӯза бо пойгоҳи хабарии худ аз камбудиҳои ин ҳукумат мегуяд, аз нигоҳи шумо чӣ гуна хоҳад буд? Аз ин рӯ мо аз Шумо хоҳиш мекунем, ки тибқи меёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон аз Муҳаммадиқбол Садриддин ва хонаводааш дифоъ кунед. Омадани прокурор Юсуф Раҳмон ба Фаронса на фақат ба Муҳаммадиқболи Садриддин ва хонаводааш, балки ба мухолифони дигаре, ки дар Фаронса ба ҳайси паноҳанда зиндагӣ мекунанд хатар эҷод хоҳад кард. Имрӯз дар Фаронса дар баробари Муҳаммадиқбол писари Сайид Абдуллои Нурӣ низ мунтазири қонеъ гардидани дархости паноҳандагӣ аст. Ин ҳамон Сайидабдуллои Нурӣ аст, ки созишномаи Сулҳи Тоҷиконро бо Эмомалӣ Раҳмон имзо кард. СайидАбдуллои Нурӣ дигар дар қайди ҳаёт нест, аммо Эмомалӣ Раҳмон то ҳол бо хонаводаи ин марҳум меҷангад. Пайвандон ва шогирдони зиёдашро ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Соли гузашта панҷ нафар аз аъзои хонаводаи ин шахс аз 6 мох то панҷ соли равонаи зиндон шудаанд. Ин мухолифат баъди муовини раиси КУмитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ интихоб шудани Муҳаммадҷони Нурӣ бештар шуд.
Ҷанобии Роберт Спано, банда ба ҳайси роҳбари Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бори дигар аз Шумо хоҳиш мекунам, ки қазияро аз нигоҳи меёрҳои байналмилалӣ баррасӣ кунед ва ҷониби Тоҷикистонро хушдор диҳед, ки ба ин ҳама ноадолатиҳова рақобати бевиҷдонона хотима диҳанд.
Қаблан, сипосгузорам, Раиси КШНГЗС Бобоев Абдусаттор
Варшава, 04.07.2023





Оставьте комментарий