Имрӯз мусодиф аст бо зодрӯзи адвокати машҳур ва ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Бузургмеҳр Ёров.
Бузургмеҳр яке аз ҳуқуқдонҳои барҷастаи кишварамон маҳсуб буда дар тӯли фаъолиятҳои ҳуқуқии худ аз ҳеч гуна фишору монеъаҳо ва таҳдиду танқидҳо наҳаросида дар кору фаъолиятҳои худ ҷиддӣ, устувор ва агар дар як калом бихоҳем бигуем устоди кори худ мебошанд. Ҳомии пурсарусадотарин ва пурғавғотарин парвандаҳо дар кишвар. Дар ҳоле, ки хелеҳо ҷуръати ҳарф заданро дар мавриди он парвандаҳо намекарданд ин кас аз ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандии онҳо дифоъ ва ҳимоя менамуданд. Ба хотири ҷиддият ва устувори дар кораш ба чанд мукофотҳои байналмилалӣ сазовор дониста шудааст, аммо аз тарафи ҳукумати нестандарҷаҳони диктатории Тоҷикистон фақат ва фақат ба ҷурми ҳимоят аз ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандии ҳамватанонаш ва эҳсоси масулият намуданаш ва адои вазоифаш дар баробари дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандии инсонҳо ба 28 сол зиндон маҳкум шудааст. Низоми ҳақиқаткуши Тоҷикистон бо ин иктифо накарда дар дохили зиндон ҳам чанд иттиҳомоти нав ба нав алайҳи ин сунбули ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо он мағзҳои зандолудаашон эҷод намуда мехоҳанд аз Бузургмеҳр интиқом бигиранд ва бар муҳлати маҳкумияти ӯ бияфзоянд. Ҳам зиндонӣ кардану ҳам боз дар зиндон ҳам аз ӯ ҳарос доштан худ нишони ҳақ будани Бузургмеҳр аст. Ва ҳатман ҳақ ба ҳақдор хоҳад расид!
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсӣ мавлуди ин марди наҷиб ва рамзи ҳомии ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро аввалан барои худашон ва тамоми аҳли хонавода, сипас ба дӯстону шогирдону ҳаводорони Бузургмеҳр табрик менамояд.
Бо умеди озодӣ аз чанголи зулму истибдоду беадолатӣ, тансиҳативу истодагарӣ бароятон таманно дорем!
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон
09.07.2023





Оставьте комментарий