Ҳукми зиндонии Сайидумар Саидов, хоҳарзодаи Шамсиддин Саидов-узви аршади Шурои Олии ҲНИТ бе ягон шаку шубҳа давоми даҳшатафканӣ ва фишори навбати бар зиддӣ мухолифин асту халос.
Мақомоти интизомии ноҳияи Кушониён моҳи апрели имсол Саидумар Саидов хоҳарзодаи Шамсиддин Саидовро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон дастгир карда, делои ҷиноятӣ кушоданд. Сайидумар Саидов танҳо гуноҳе, ки кардааст, зери як матлаб оид ба боздошти тағозодааш Абдуллоҳ Саидов чунин назар додааст : “дуо мекунам, ки тағозодаам аз дасти золимон раҳо ёбад “. Гуфтанист, ки давоми се моҳи боздошт ӯ вакили дифоъ надошт.
Ахиран, санаи 11.06.2023 додгоҳи вилояти Хатлон Сайидумар Саидовро ба 6 соли зиндон маҳкум кард.
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон боздошт ва ҳукми суди вилояти Хатлонро маҳкум намуда аз тамоми созмонҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар хоҳиш менамояд, ки нисбати қазияи Саидумар Саидов бетараф набошанд ва барои ҳимояи ӯ аз тамоми имконот истифода баранд.
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон
Варшав. 12.07.2023





Оставьте комментарий