Имрӯз (1 август) зодрӯзи шоир, файласуф ва фаъоли шаҳрвандӣ, зиндонии сиёсӣ Музаффар Муборакшоев аст. Ба муносибати зодрӯзи ин донишманд, Алим Шерзамонов, муовини раҳбари ПМТ, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, зимни табрик вай навиштааст:
“Зиндонии сиёсӣ, фаъоли маданӣ, шоир, файласуф, соҳибкори муваффақ, рӯзноманигоре, ки аввалин рӯзномаи шӯғнизабонро бо номи “Лозар” таъсис дод ва ба нашр расонд, беҳтарин дӯст, бародар ва шаҳрвандтарин шаҳрванд имрӯз зодрӯз доштаст. Хеле ва хеле дер шинохтамаш. Бори аввал дар тазоҳуроти Хоруғи соли 2008 бар зидди фурӯши заминҳои Помир ба Чин вохӯрдем, ки бо буданаш дар ин маърака эътимод ба нафсамро хеле боло бурд. Мутмаинам, ки дар кадом зиндоне набошад, бо буданаш дар дигарон чароғи умедро ба фардои нек фурӯзон медорад. Зодрӯз муборак, Музаффар!“
Гуфтанист, Музаффар Муборакшоев узви “Комиссияи 44” буд. Бар асоси гузориши Радиои Озодӣ дар 6 июни 2022, Музаффар Муборакшоев ҳамроҳи 6 нафари дигар аз фаъолони ин гурӯҳ, ки бе ҳеч айбе ба ҷуз ин ки узви ин гурӯҳанд боздошт шуда буданд, аз Хоруғ ба Душанбе мунтақил шуданд.
Тибқи гузориши 13 декабри 2022, Дидбони ҳуқуқи башар — созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ, зимни маҳкум кардани боздошти онҳо, аз мақомоти Тоҷикистон хост, “ҳамлаҳои бесобиқаи алайҳи шаҳрвандони худ дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшонро бас кунад.”
Дар изҳороти созмон, ки рӯзи 13-уми декабр нашр шуд, ҳукмҳои зиндони Улфатхоним Мамадшоеваи 65-сола ва аъзои гурӯҳи ҷамъиятии 44 – Фаромуз Иргашев, Музаффар Муборакшоев, Хурсанд Мамадшоев, Манучеҳр Холиқназаров ва Хушрӯз Ҷумъаев “дар мурофиаҳои баставу ноодилона” маҳкум шудааст.
Сийнат Султоналиева, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфт: “Мурофиаҳои фаъолони ВМКБ пушти дарҳои баста бидуни дастрасӣ ба ҳуқуқшинос, бе далелҳои мӯътамад, бо нақзи меъёрҳои бунёдии мурофиаи одилона баргузор шуданд”. Ӯ афзуд: “Мақомоти Тоҷикистон бояд ин шаш фаъол ва дигар фаъолонро билофосила озод ва иттиҳомот ба зидди онҳоро бекор кунанд”.




Оставьте комментарий