Имрӯз якуми август рӯзи зодрӯзи рузноманигори зиндонӣ ва зиндонии сиёсӣ Абдуллоҳи Ғурбатист. Мутаассифона ⁶Абдуллоҳи Ғурбатӣ 27- умин солагарди умрашро пушти панҷара пешвоз мегирад. Ёдовар мешавем, ки 4 октябри соли 2022 Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдуллоҳи Ғурбатиро бо се кодекси ҷиноӣ аз ҷумла барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломӣ гунаҳкор дониста ба 7,5 соли зиндон маҳкум намуда буд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба рузноманигори мардумӣ ва зиндонии сиёсии Тоҷикистон Абдуллоҳи Ғурбатӣ тани сиҳату умри дароз ва ҳарчи зудтар озодӣ аз зиндонро таманно менамояд.
Низомҳои худкома ва золим доимӣ нестанд, аммо сарсупурдагони миллат чун Абдуллоҳи Ғурбатӣ номи неку умри ҷовидона доранд!





Оставьте комментарий