ЗОДРӮЗИ АБДУҚАҲҲОРИ ДАВЛАТ МУБОРАК!


Абдуқаҳҳор яке аз шахсиятҳои донишманду ҷасуре аст, ки танҳо ҳақиқатро медиду менавишт. Аз касе ва чизе тарс ҳам надошт. Ҳақиқат барояш болотар аз ҳама чиз буд. Ба ҳамин хотир ҳам золимона ӯро зиндонӣ карданд. Таҳаммули ҳарфу қаламу садояшро надоштанд. Аммо ҳамаи миллат медонад ва ҳамеша дар ёд хоҳанд дошт, ки ӯ ва ёронаш бо туҳмат ва бегуноҳ вориди зиндон шудаанд.
ӯ имрӯз зодрӯз дорад ва чи хуб аст, ки ба ҳамин муносибат каме ҳам бошад ӯро бештар бишносем. Ҳоло шарҳи ҳоли кутоҳе аз ӯ пешкашатон менамоем.
ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Давлатов Абдукахор Абдукаримович 5 августи соли 1975 деҳаи Панҷсолаи дуюми ноҳияи Колхозобод (Ҷ. Румӣ) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
МАЪЛУМОТ:

  • 1982-1992 мактаби миёнаи № 7, ноҳияи Колхозобод.
  • 1992-1993 таҳсил дар техникуми савдои ш. Душанбе.
  • 1994-1997 таҳсил дар Донишкадаи забони арабии ба номи Имом Абуҳанифа (р) дар шаҳри Пешовар (Покистон).
  • 1998-2004 таҳсил дар факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.
  • 2005-2009 таҳсил дар факултаи Иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.
    ФАЪОЛИЯТ:
  • 1996-1997 муҳаррири масъули маҷаллаи «Ҷайҳун» (бо забони арабӣ).
  • 1998-2000 ёвари директори Хабаргузории илмию таҳлилии «Мизон».
  • 2001-2002 сармутахассиси Маркази матбуоти Вазорати саноати ҶТ.
  • 2003-2004 ёвари директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии навъи кушодаи «Тоҷиктекстил».
  • Аз соли 2004 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот» ва аз соли 2008 раиси шӯъбаи табъу нашри ҲНИТ.
    ҲАМЗАМОН:
  • 1999-2000 котиби Дастгоҳи иҷроияи ҲНИТ.
  • 2001-2004 муовини раиси шӯъбаи кадр ва омӯзиши сиёсии ҲНИТ.
  • Аз соли 2007 директори Маркази иттилоотиву таҳлилии «Пресс-панорама» буд.

Агарчӣ ӯ дар зиндон аст аммо сарбаланд аст, зеро худашро нафурухт ва таслими зулм ҳам нашуд.
Зодрӯз муборак Абдуқаҳори азиз!
Умедворам ҳамчун Юсуф аз ин зулматсаро берун шавӣ ва золимон ибрати таърих гарданд!

(Бо қалами Бобоҷон Қаюмов)

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑