Имрӯз, 8 август, зодрӯзи ду зиндонии сиёсӣ падару писар Домулло Зубайдуллоҳ Розиқов ва писарашон Асроруддин мебошад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) падару писарро ба ин муносибат табрик мегӯяд ва таманно дорад, Худованди мутаъол онҳоро ҳар чи зудтар аз зиндони ин низоми ситамгар озод намояд.
Домуллоро, ки синнаш ба 80 расида, ахиран низоми худкома ба хотири адои намози шаб, “ҷазо” дод ва ба ШИЗО – утоқи махсус ва бисёр махуф барои ҷазои зиндониёни “қонуншикан” барои чанд рӯз мунтақил кард.
Низоме, ки хондани намози шабро навъе “ҷурм” меҳисобад ва соҳиби онро ҷазо медиҳад воқеъан худкомаву ситамгар аст!
Асроруддин, фарзанди барӯманди Домулло “ҷурмаш” ҳамин буд, ки ба зиндониён кӯмак расонид ва ин амали инсондӯстона ва ҷавонмардона боиси зиндонӣ шуданаш гашт. Ҳамроҳи ӯ чанд нафари дигар низ ба ҳамин “ҷурм” зиндонӣ шудаанд. Дар ҳеч ҷои дунё кӯмак ба як зиндонӣ на танҳо “ҷурм”, ки ҳатто мамнӯъ нест, аммо дар назди низоми хуношоми кунунӣ ҷурму ҷиноят дониста шудааст.
Низоме, ки ҳозир нест мухолифонаш ҳатто дар зиндон ва дар он шароити бисёр бад кӯмак шаванд, магар низоми ситамгар нест!?
Ва ҷои бисёр таассуф ин ҷост, ки созмонҳои ба истилоҳ дифоъ аз ҳуқуқи башар, чизе роҷеъ ба ин муқаррарорти зиддиинсонии низоми ҳукумати Тоҷикистон, ки нисбат ба мухолифонаш раво мебинад, намегӯянд ва кулӯх ба лаб молидаанд.
Низоми худкомаи ҳукумати авлодӣ ба дараҷаи уқдаӣ шудааст, ки пирамарди ҳаштодсоларо дар дохили зиндон бо баҳонаҳои бофтаю сохта азобу шиканҷа мекунанд. Барои рӯпӯш намудани ҷиноёташон аз ягон дурӯғ ибо намекунанд, аммо курдилони даҳр бидонанд, ки домулло Зубайдуллоҳ барин мазлумон Худои бинову шунаво ва қодир доранд, ки намози шабу дасти бо дуо бардоштаи бандаҳояшро бе ҷавоб намемонад. Зулми золим фано шуданист ва адолату тантанаи он дар роҳ аст.
Бори дигар, домулло Зубайдуллоҳи Розиқ ва фарзанди гиромияшон, Асроруддин ва пайвандони онҳоро ба муносибати зодрӯзи эшон табрик мегӯем. Худо нигаҳбону мададгоратон бод!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)




Оставьте комментарий