Як наҳзатии асили пойбанд ба аҳду паймон дар зиндон дунёро тарк кард.

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

“Аз миёни мӯъминон мардоне ҳастанд, ки бар он чи бо Худо паймон бастаанд садоқат варзиданд, пас баъзе аз онҳо (бо он садоқат бар паймони худ) даргузаштанд ва иддае ҳам мунтазиранд ва ҳеч табдиле ба он аҳду паймон накарданд.”
(Аҳзоб:23)

Аз чи бошад, ки имшаб хобам набурд. Ман дар шаҳри Вена дар Австрия қарор дорам, ба дидани набераҳоям омадаам. Яке аз дӯстон ҳам тӯй дошт, писарашро хонадор кард ва даъват кард, то дар хурсандияш шарик бошем.

Фардо ҳам баргаштаниям ба Поланд. Аз ин хотир бо наберагон, то соатҳои қариб (01), субҳ бедор ва сӯҳбат кардем. Бо ин вуҷуд баъди тақрибан як соат хоб кардан, бедор шудам ва дигар хобам набурд. Ҳавои Вена мӯътадили форам, дохили хона ҳам, килкинҳо боз ва насими форам меомад.

Бо худ гуфтам таъоми шом сабаби нороҳатӣ шуда бошад, зеро ҳамроҳ бо ҷамъи меҳмонон дар ошхонае, ки бештар ғизоҳои баҳрӣ дошт, нони шомро тановул кардем. Шояд кадоме аз ин ғизоҳо ба мизоҷам нагуфтааст, фикр мекардам.

Пас аз адои намози бомдод ва дуо бо аввалин телефони ҳамроҳро рӯшан кардан, паёмаки бародарам, эшони Абдусаттор расид: “Бозгашти мо ба сӯи Худост. Бародар ва дӯсти азизи мо домулло Ҷалолидини Маҳмуд имшаб дар зиндон аз дуннё гузашт.”

Инно лиллоҳ ва инно илайҳӣ роҷиъун. Ман як руҳонӣ, огоҳ ба улуми шариъат, мӯъмин ба маргу зиндагӣ ва таслим ба қазои қадари илоҳӣ ҳастам, сабру таҳаммул дорам. Бисёр азизону наздиконро аз даст додаам, бародари бузургам ва як додари хурдамро дар ҳодисаҳои солҳои 1992 гум кардам, то ба ҳол ҳеч хабаре аз эшон надорам, падару модареро бар сар доштам, ки то лаҳзаи охирони зиндагӣ чашм ба роҳ, ранҷи интизории ду фарзандро мекашиданд. Бо ин вуҷуд ин хабар, то чи ҳад таконам дод ва бар руҳу ҷисмам асар гузошт, худ ва Парвардгорам медонем..

Худ тасаввур кунед, як нафар олим, донандаи улуми исломӣ, худотарси ботақво, шахсияти миллӣ-мазҳабӣ, мазлум, воқеъан бе гуноҳ ду бор бо як айби сохта, вале сиёсӣ зиндонӣ мешавад ва дар дохили зиндон риштаи ҳаёташ қатъ шавад. Чи мусибати сангине!

Домулло Ҷалолиддин аз ҳеч дарду иллате ранҷ намекашид. Пурэнержитарину нерӯманд, закӣ ва боҳуштарин дар байни аъзоёи Наҳзат буд. Аз ҳеҷ навъи беморӣ дар руҳу ҷисми худ дар тӯли ҳаёташ, шикоят надошт. Аллоҳро шоҳид мегирам, ки солимтарин ва бедардтарин дар байни ҳамаи мо мебошад. Чи марги мармузе!

Мутмаиннам, Раҳмонов ва дору дастаи ҷиноятпешааш дар Ҳукумат ба ҷиноятҳои дигари башарӣ даст задаанд. Ба манъи ҳизбу ҳаркартҳои мардумӣ аз ҷумла Наҳзати исломии Тоҷикистон, зиндонӣ ва фирорӣ қарор додани шахсиятҳои сиёсӣ ва мардумӣ басанда нашуда, боз иқдом ба ҷисман аз байн бурдани чеҳраҳои намоёни наҳзатӣ шудаанд. Ин ҷинояти навбатии худро аз шахсиятҳои лоиқ ва арзанда, ки барои худ хатарзо меҳисобанд, оғоз карданд.

Домулло Ҷалолиддини Маҳмуд, яке аз чеҳраҳои шинохтаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, узви Раёсати олии он ва яке аз фақеҳони исломӣ ва дигар улум ба шумор меравад. Вай дар баробари доштани донишҳои фаровон ҳам соҳиби раъй ва ҳам ҷуръати баён кардани онро дошт.

Дар Наҳзати исломии Тоҷикистон дар замони ҳаёти устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва муъовини раиси Наҳзат будани домулло Ҷалолиддин ва баъд аз марҳум Устод ва пас аз барканорияш дар бисёр мавридҳо аз раъй «фатвоҳо»и Ӯ баҳрабардори хубе шудааст.

Ба сурати беҳтар, Ҷалолиддини Маҳмуд бо доштани дониши хуби улуми исломӣ, сиёсатмадор ва аз роҳбарони аршади Наҳзати исломӣ ба ҳисоб меравад ва дар ниҳодҳои гуногуни калидии он кору фаъолият кардааст. Вай ходими давлатӣ ҳам буд дар канори собиқаи кор ва ҳамраиси Комисияи назорат бар оташбас будан, кор дар Комиссияи оштии миллӣ ва дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро дошт.

Аз домулло Ҷалолиддини Маҳмуд (раҳматуллоӣ алайҳӣ) чандин рисола, мақолаҳо дар масоили динӣ, сиёсӣ ва шогирдони зиёде боқӣ мондааст.

Реҳлати домулло Ҷалолиддинро барои ҳамватанони азиз, уламо, аъзо ва тарафдорони Наҳзати исломии Тоҷикистон, боқимондагону наздиконаш таслият мегуям. Аллоҳ бародар Ҷалолиддинро дар Иллийин аз зумраи шаҳидон маҳшур бидорад ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил ато кунад.

Ва аммо…
Умри домулло Ҷалолиддини Маҳмуд аз азал ҳамин миқдор будааст, ба ҳеҷ сурат аз ин бешу кам карданаш имкон надорад. Вақте муҳлати аввали дар зиндон будаашро адо ва ба озодӣ баромада буд, ду бора ҳам зиндонӣ намешуд ҳамин миқдор умр дошт ва баъди гузарондани он, марг ба суроғаш меомад ва ҳатман дунёро тарк мекард. Вале чизе аз он боқӣ мемонд назари нек буд, нисбати Ҳукумат ва давлатмардон, ки дар мардум ангезаи дар канори он будан ва дуст доштани онҳоро эҳё мекард.

Ҳоло хоҳ нохоҳ акси он, кинаву адоват ва безорӣ дар мардум тақвият меёбад, пур мешавад ва лабрез, ки шуд ҳукумату ҳукуматдоронро ба хок яксон мекунад. Шояд онҳое аз нашъаи мансабу қудрат мастанд, мардумро ҳеҷ медонанд бовар накунанд, ё ба ин фикр бошанд, ки ҳар чӣ шавад дар вақти ҳаёти мо намешавад. Аммо касоне вориси ин хок, ин сарзамин мешаванд бояд бидонанд ва дар фикри он бошанд, ки набояд кирдори бади пешиниёнашон боиси ноамнӣ ва хатаре барои ҳукуматҳояшон шавад.

Пас фирсат ҳаст бояд дар фикри ваҳдати миллии воқеӣ ва улфати дилҳои мардуми худ бошанд. Хатарҳои сохтаи “исломгароӣ”, хоинҳои дуруғин сохтан барои Ватан ва душманиафганиҳо байни мардумро аз байн бардоранд. Пеши роҳи бо зулм зиндоникунҳо ва фирорӣ додани ақлҳоро бигиранд.

Бештари маҳбусони бо ин айбномаҳо ва дигар туҳматҳои бофта ва сохта аз домулло Ҷалолиддин дар сол калонтаранд. Шояд умри иддае аз онҳо ҳам наздик ба охир расидан омада бошад. Хеҷ барномаи исломисозие дар Тоҷикистон ва табаддулот вуҷуд надошт ва надорад. Пас коре кунед, ки онҳо дар манзилҳои худ, назди фарзандон ва наздиконашон ин дунёро видоъ гуянд. Ин ба нафъи кишвар ва миллат аст.

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑