ЗИНДОНИИ СИЁСӢ ҶАЛОЛИДДИНИ МАҲМУД ДАР ЗИНДОН ДАРГУЗАШТ
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон, аз даргузашти зиндониёни сиёсӣ, узви Раёсати Олии ҲНИТ ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи Комисиюни Миллии Истиқрори Сулҳ Ҷалолиддини Маҳмуд, ки дишаб дар зиндон даргузашт сахт андӯҳгин буда ба наздикону бозмондагонаш таслият арз мекунад!
Ҷалолиддини Маҳмуд 63 сола буд.
Таззодро бинед, ки 30 сол пеш, моҳи январи соли 1993 падари бузургвораш домулло Бурҳониддинро ҳам ба шаҳодат расонида буданд…
Ҷалолиддини Маҳмуд дар роҳи пешгирифтааш хидматҳои шоёне ба мардуму ҷомеъа кардааст, ки тавсифаш чандин саҳифа мешавад. Ӯ ҳам дар ҲНИТ, ки солҳо дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ хидмат кардааст хеле фаъолу пуркор буд ва ҳам дар КМИР.
Вале, мутаасифона дар Тоҷикистоне, ки зимоми ҳукуматдорӣ дар дасти низоми худкомаву золиме қарор дорад, шахсиятҳое ба мисли Ҷалолиддини Маҳмуд хатарнок маҳсуб мешаванд. Аз ин рӯ ӯро бо туҳмату дасиса ду бор зиндонӣ карданд. Ҳарчанд солҳои ахир вазъи саломатияш хеле бад буд, аммо ба ӯ на иҷозаи табобат медоданду на имконият медоданд то ба ӯ кумаки аввалия расонда шавад.
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон чандин бор аз вазъи бади саломатӣ ва нигоҳдории зиндонии сиёсӣ Ҷалолиддини Маҳмуд бонги изтироб зада буд, вале ҳайҳот, ки ин низом гуши мардумшунав надошта раҳму шафқатро кайҳо фаромӯш кардааст.
Марги Ҷалолиддини Маҳмуд ба ҷиноятҳои беинтиҳои ин низом як ҷинояти мудҳиши дигарро зам кард.
Рӯҳу равонат шод, макони охиратат обод бошад, шаҳид!
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон.
Варшав. 12.08.2023





Оставьте комментарий