Нуриддин Маҳкамов ба сини мубораки 67 расиданд!

Имрӯз зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, вакили мудофеъе, ки худ қурбонии касби худ гашт — Нуриддин Маҳкамов аст. Имрӯз Нуриддин Маҳкамов ба сини мубораки 67 мерасад. Ӯ мутаввалиди 25-августи соли 1956 аст.

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон зодрӯзи Н. Маҳкамовро ба ӯ ва бастагонаш табрику таҳният гӯфта ба ӯ озодии зуд ва комилро таманно мекунад!

Дар таърихи навини тоҷик зиндонӣ кардани вакилони дифоъ, ки касбашон ҳимоя мардум дар додгоҳу додрасҳо аст як саҳифаи сиёҳе хоҳад буд! Ин золимии бесобиқа рӯи низоми худкомаи ҳукумати авлодиро то абад сиёҳ нигоҳ хоҳад дошт!

Яъне, барои низоми саркӯбгари ҳукумати Тоҷикистон амали нафареро, ки аз қонунҳое, ки худи ин низом қабулу тасдиқ кардааст агар ба фоидаи ҷомеъа истифода барад ҷурм шуморидп, ӯро бо сад туҳмату буҳтон зиндонӣ мекунад.

Гӯноҳи Н. Маҳкамов ҳам танҳо, ҳамин буда, ки аз сохторҳои ҳукуматӣ талаб кардаамт то қонунҳои ҷории Тоҷикистон риоя кунанд!

Золимин ҳатман рӯзе ба ҷазои аъмолашон хоҳад расид ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳатман хизматҳои Н. Маҳкамовро қадрдонӣ хоҳанд кард!

Бори дигар зодрӯзи Н. Маҳкамовро ба худи ӯ ва ба хонаводаи муҳтарамашон муборакбод мегӯем ва дуогӯи онем, ки ҳарчӣ зудтар ба назди азизонашон баргарданд!

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон

25.08.2023 Варшав

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑