“ВА БЕШАК БОЗГАШТИ ҲАМАИ МО БА СӮИ ПАРВАРДИГОР АСТ…”

Бобои домулло Дона бегоҳи рӯзи якшанбе, 27.08.2023 дунёи моро тарк ва ба сӯи охират ва ҳаёти абадӣ сафар кард. Аллоҳ сафари ин муҷоҳидро бехатар ва амалҳои солеҳашро муниси қабр ва тушаи арзандаи хонаи охираташон бигардонад.

Марҳум бобои домулло Дона як инсони комил ба тамоми маънояш, шахсияти мазҳабӣ, бо тақво ва беозору меҳрубон буданд.

Бо ин, ки аз худ фарзанд нагузоштанд, вале ҳазорҳо фарзанди милати шарифи худ, ҳамватанони азизашро тарбия ва зиндагиву роҳи дурустро омузонид.

Марҳум Домулло инсони заҳматкаш ва дар ранҷҳои зиндагӣ, фишору таъқиби мақомоти худобехабари кишвараш пуртоқат буданд.

Бобои домулло Дона (алайҳӣ раҳмаҳ) инсони дасткушод ва дастбахайр буданд. Аз ҳисоби пасандози худ доимо ба бенавоёну ниёзмандон кумаку дастгирӣ мекарданд.

Барои ин кори неки инсонияш борҳо мавриди боздошт ва таъқиби мақомоти Тоҷикистон қарор гирифтанд.

Ахиран ба хотири ин корҳои некаш ва мансуб буданаш дар сини 78 солагияш зиндонӣ ҳам шуданд, ки ба иллати беморӣ пеш аз адои муҳлати ҳабс озод шуданд.

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон реҳлати ин марди порсоро ба ҳамаватанони қадршинос, ба ҳамсафони эшон ва наздикони бобои Домулло таслият арз мекунад. Аллоҳ аз эшон розӣ бошад!

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон

28.08.2023. Варшава

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑