ХУДОВАНД ДАРДРО ДОД, ШИФОРО ҲАМ ХОҲАД ДОД!

Домулло Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз мухолифи пуркортарин аст, ки бемор шудааст.

Иллати бемории ӯ ҳам ҳамин серкорияш аст, ки пайваста дар талош буда, шабонарӯз кор мекунад. Касе Муҳаммадиқболро медонад ҳатман тасдиқ хоҳад кард, ки то чӣ андоза ӯ машақат мекашад. Ӯ сомонаи интернетии “Ислоҳ” ва канали ютюбии “Ислоҳ-ТВ”-ро роҳандозӣ кардааст. Ва инак чандин сол аст, ки ин сомона ва канал аз пурхонандатарин ва сертамошобинтарин сомонаҳои мухолифин буда меҳнату заҳмати зиёдро талаб мекунанд. Ӯ на танҳо мустақиман бо мардум дар тамос мешавад, инчунин маводҳои хеле арзишманди таҳлиливу таҳқиқӣ ҳам таёр мекунад, ки баъзе сомонаҳо бо чандин коргар қодир нестанд бикунанд.

Ногуфта намонад, ки дар дигар самтҳои мубориза ҳам Муҳаммадиқбол аз фаъолтарини мухолифин буда доимо дар талош аст. Дар ҳама мушкилоти ин роҳи пурпечутоб дар канори ёрону ҳамсафон аст. Ӯ ба ҷои чандин нафар заҳмат мекашад, аз ин рӯ хастагӣ ва камхобӣ ба саломатияш зарар овардааст.

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон бо писарбузурги домулло дар тамос аст ва аз аҳволи саломатии ӯ доимо пурсон буда дуогӯи ҳарчӣ зудтар сиҳат ёфтани ӯст. Худованд ҳарчӣ зудтар як шифои комилу оҷил насибаш гардонда ӯро ба сафи ҳамсафон баргардонад.

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑