Имрӯз зодрӯзи марди шариф, инсони некбину дурандеш, роҳбари кордону хастанопазир бобои эшони Абдусаттор Бобоев аст. Эшон ба сини мубораки 55 даромаданд!
Мавсуф дар тули умри пурбаракаташон ҳамеша дар сафи аввал буданд ва ҳамеша талошашон барои ояндаи нек, барои пешравии ҷомеъа буд. Ӯ аз сини навҷавонӣ ба сиёсат рӯй оварда, ҳануз дар 23-солагӣ зиндонӣ шуд. Вале, додгоҳ ӯро баъди 4-моҳи боздошт бегуноҳ эълон карда озодаш кард. Аммо, аз саҳни додгоҳ силоҳбадастон ӯрову ҳамроҳонашро бо худ бурданд. Ба зиндонӣ дигар, ки зиндони Фронти Халқӣ ном дошт. Дар ин зиндон ранҷу азоби зиёд кашид. Вале, тақдир будаасту аз ин зиндон фирор кард.
Хулоса, аз оғози зиндагӣ то имрӯз эшони Абдусаттор дар набард бо ноадолатиҳои зиндагист ва дар ин набард бо вуҷуди ранҷу азоб пирӯзиҳову бурдбориҳоро ҳам дидааст. Эшони Абдусаттор дар ҳеҷ гоҳ хастагиро намепазирад. Ин таърифи беҳуда нест, мо ки чандин сол шуд бо эшон дар ин Кумита ҳамкорем инро бо чашми худ мебинем. Ҳар нафаре, ки паҳлу ба паҳлу бо бобои эшон кор кардааст, ҳатман хастанопазирии ӯро тасдиқ хоҳад кард. Шеваи кори эшон ҳам як мактаб аст. Аз ӯ ҳар нафаре метавонад чизе биомӯзад. Дар рафтор ва кирдораш самимият, ҷидду ҷаҳди бесобиқа ва адолатро ҳар ҳамсафаре эҳсос хоҳад кард.
Хусусан талошҳои бобои эшон дар баробари зиндониёни сиёсӣ қобили тавсифанд. Ҳарчанд, мо медонем, ки эшон талошҳояшонро дар ин самт сидқан ва холисона мекунанд, аммо бо даст додани фурсат мехоҳем инҷо ба эшон ташаккур бигуем ва дар тамоми ҷодаи ҳаёт барояш бурдбориҳо таманно кунем!
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон зодрӯзи эшони Абдусаттор Бобоевро ба эшон ва наздиконаш, ба ёру дӯстон ва ҳаводоронаш муборакбод гуфта, ба ӯ тансиҳатӣ, хонаободӣ ва муваффақият дар корҳояшро таманно мекунад!
Умратон дароз ва иқболатон баландпарвоз бод!
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон
05.09.2023. Варшава





Оставьте комментарий