ОЗОДИ БА АБДУЛҚОДИРИ РУСТАМ!

Аё шоҳ Маҳмуди кишваркушой,

Зи кас гар натарсӣ, битарс аз Худой!

Дар ҷаҳони фарҳангу тамаддун ҳар миллату халқиятро бо адабиёту фарҳанг ва шахсиятҳои матраҳи фарҳангияш мешиносанд ва ба воситаи онҳо ин миллату халқиятҳо ҷойгоҳи худро дар байни тамаддуни башарият касб мекунанд.

Башарият то ин замон шоҳиди пешравию шукуфоии тамаддунҳову фарҳангҳои гуногуне будааст, ки дар ин миён тамаддуни пешрафтаи мардуми форсизабон дорандаи мақому манзалати хос ва сазовори ситоиш будааст.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки гузаштагони дурандеши мо ҳамеша ба адабиёту фарҳанг таваҷҷуҳи бештаре доштаанд ва дар ин арса аз пешсафони таърих будаанд.

Асарҳои беҳамто ва шахсиятҳои фарҳангии нотакрорамон, ки ифодагари арзишҳои олии инсонӣ будаанд, барои мо мояи ифтихор буда, дар айни замон ба зиммаи мо масъулияти бузурги қадршиносию ҳифзи ин сарватҳои бузурги маънавиро, ки воқеъан сармояҳои миллиянд, вогузор мекунад.

Таърих инчунин ҷабри Фирдавсиву Рудакӣ ва зулму ситами солҳои 20-ум ва 37-уми шуравиро ҳам ёд дорад. Ва дар ҳама ҳолат зимомодорони золим буданд, ки ба фарҳангиёну мардони таърих тавҳин меоварданд.

Ба бахти шури мо дорад ҷабри золиме боз бар сари ин миллат борони даҳшату зулматро сарозер кардааст.

Дигар дар Тоҷикистон адибе, ки мадҳия наменависад ҷонаш дар хатару ашъораш барояш марговар гаштааст.

Дигар дар Тоҷикистон адабу адабиёт ҳам зулм мешавад.

Абдулқодири Рустам, ки ҳамчун муҳарири як асари бадеъӣ дастгир шудааст саҳифаи нави нангине дар дафтари аъмоли бади ин ҳукумат хоҳад буд. Ягона коре, ки ӯ анҷом додааст таҳрир кардани навиштаи як нависандае будаасту халос.

Яъне ӯро барои афкори як шахси дигар, барои навиштаи як нафари дигар боздошт кардаанд, ки ба фарқ аз ноадолатиҳои пешини ҳукумат фарқи калон дорад.

Дигар дар Тоҷикистон нафар барои фикри шахси дигар ҳам муҷозот мешавад!

Дигар дар Тоҷикистон адабу адабиёт ҳам муҷозот мешавад!

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон боздошти Абдулқодири Рустамро шадидан маҳкум мекунад ва аз ҳукумат талаби озодии фаврӣ ва бе чуну чарои ӯро қотеъона талаб мекунад!

Мо инчунин аз корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, ниҳодҳои ҳуқуқи башар ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки дар қазияи боздошти адиб, пажуҳишгар ва донишманд Абдулқодири Рустам бетараф набошанд ва барои озодии ӯ аз тамом имконот истифода баранд.

Инчунин Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндониёни Сиёсӣии Тоҷикистон аз тамоми ҳамватанони бедору дилсӯз хоҳиш мекунад ба ҳар иқдоме дар бораи раҳоии ин шахсияти фарҳангӣ аз тарафи кадом шахсият ва гуруҳҳое гирифта мешавад, бипайванданд.

#Озодӣ_ба_Абдулқодири_Рустам
#Свободу_Абдулкадири_Рустаму
#Free_Abdulqaderi_Rustam

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонҳо ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон.

05.09.2023 Варшава

#Озодӣ_ба_Абдулқодири_Рустам
#Свободу_Абдулкадири_Рустаму
#Free_Abdulqadiri_Rustam

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑