ЗОДРӮЗ МУБОРАК ОРАЗ!

Имрӯз зодрӯзи Ораз Вазирбеков яке аз дигар зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аст, ки бо иттиҳомоти дуруғин зиндонист.

Ораз Вазирбеков яке аз чеҳраҳои маъруфи Бадахшонӣ дар қаламрави Русия буданд. Эҳтирому боварии бисёриҳоро бо беҳтарин хислату амалҳои инсонӣ ба даст оварда ҳамеша ба кӯмаки ҳамвандон лабайк мегуфтанд. Мақомоти Тоҷикистон бо роҳу василаи мармузе ӯро аз Русия ба Тоҷикистон истирдод намуда ба бо ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — қисми 2-и моддаи 187 (Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)) ва қисми 2-и моддаи 307 (Даъвати оммавӣ бо истифодаи зўроварӣ тағйири сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз васоити ахбори омма ё интернет) ба мӯҳлати 13 сол зиндонӣ намуданд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз рӯзи аввал боздошт ва зиндонӣ кардании Ораз Вазирбековро маҳкум карда буду доимо талаби бе чуну чаро озодии ӯро дорад.


Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон Ораз Вазирбековро ба муносибати рӯзи таваллудашон табрику таҳният намуда барояшон сиҳатию саломатӣ ва ҳар чи зудтар озодӣ аз зиндонро тамано менамояд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Варшава. 01.10.2023

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑