Аз рӯи хабарҳои ҳамин рӯзҳо расида истода дар Тоҷикистон мақомоти қудратӣ ҳаррӯз ба хонаи пайвандони мухолифони худ ҳуҷум карда падару модар акаву додар ва ҳатто кӯдакони хурдсолро бо худ бурда истодаанд.
Кору рафтори мақомоти Тоҷикистон ба кору рафтори артиши авбошон ва роҳзанҳо монанди дорад. Ин рафтори онҳо ҷиноят аст. Ва ҳар як амали онҳо бечунучаро қайд шуда истодааст ва дар ояндаи наздик ҳамаи онҳое, ки дар ин ҷиноятҳо даст доранд назди қонун ва миллат ҷавоб хоҳанд гуфт, фарқе надорад дар кадом вазифа ва мансаб аст ва ба сухан ё амал ҷиноят содир мекунанд.
Худи ҳозир хабардор шудам, ки ду бародари раиси кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон Бобоев Абдусаттор , Бобоев Саидаҳмад ва Бобоев Фазлиддин низ аз ҷониби кормандони амнияти шаҳри Душанбе боздошт шудаанд.
Бояд қайд кард, ки то имрӯз аз хонаводаи Бобоевҳо зиёда аз даҳ нафар боздошт ва ҳатто кушта шуданд ва зулму фишор болои ин хонавода пайваста ба таври системавӣ давом карда истодааст.
То имрӯз аз пайвандони хеле аз аъзоёни кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар дасти режими Раҳмонов гаравгон ҳастанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз ҳукумати Тоҷикистон талаб мекунад то мақомот даст аз ҷиноят бардоранд ва ба гаравгонгирӣ худ хотима диҳанд.
Мо дар навбати худ аз ҳамаи созмонҳои байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи башар ва корпусҳои дипломатии муқими Душанбе даъват мекунем то тамошобини ҷиноятҳои ҳукумати Тоҷикистон набошанд ва ҳарчи зудтар вориди қазия шаванд. Кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ бояд Тоҷикистонро маҷбур ба риояи қонунгузории Тоҷикистон ва эҳтироми ҳуқуқи инсон кунанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон.
04.10.2023. Варшава.





Оставьте комментарий