Қатли ноҷавонмардонаи ӯ аз ҷумлаи эъдомҳои ғайриқонунӣ (бидуни додгоҳ) аз ҷиноёти нобахшидании низом аст, ки бе баргузории додгоҳу додрас ӯро ба қатл расондаанд. Ҷиноятҳои хунини бе қарори додгоҳу додрас «безарар» гардонидани ашхоси барои низом номувофиқ дасту оринҷи ин низомро ғарқи хуни мардуми бегуноҳ кардааст. Дар ҳудуди солҳои 2012-2022 дасти кам 75 нафар зодаи Бадахшон таввасути эъдомҳои ғайриқонунӣ кушта шудаанд. Барои вилояте, ки 220 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, ин нишондиҳанда агар қатли ом нест чист?
Ёдгор Ғуломҳайдаров аз афроди осоишта ва бидуни силоҳ буд, ки дар натиҷаи амалиёти мақомоти Тоҷикистон кушта шуд.
Далели видеоӣ вуҷуд дорад, ки танҳо баъди марги Ёдгор ва ҳамроҳонаш нерӯҳои қудратӣ ҷасади ӯ ва ҳамроҳонашро қатор гузошта силоҳу муҳимотро дар канорашон мегузоранд, то саҳнасозӣ кунанд, ки гуиё онҳо силоҳ доштанд.
Ҳамон гунае, ки Ёдгор дар зиндагияш дар канори мардум буду ҳамеша хизмати халқро мекард, маргаш ҳам далеле шуд барои ин мардум то ҷиноятҳои ҳукумат ошкор шавад.
Бо гӯзашти якуним сол аз маргаш то ҳол ҳукумат ягон таҳқиқ ё ташхиси марги ӯ ва ҳамроҳонашро нашр накардааст. Чунки дигар чунин ҷиноятро бо ягон далеле намешавад пушонд!
Ному ёдат гиромӣ ва хонаи охиратат пурнур бод, шаҳид Ёдгор!
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Зиндониён ва Гаравгонони Сиёсии Тоҷикистон.
Варшава.
11.11.2023





Оставьте комментарий