ПАЁМИ ШОДБОШӢ

Имрӯз зодрӯзи ду бародар, ҳамсангар ва шахсиятҳои нек Илҳомҷон Ёқубов ва Иззатуллоҳ Қурбонов мебошад. Ду шахсияти хастанопазир ва пурталош, ки дар кори Кумитаи Наҷот ҳам саҳми хеле бузург гузоштаанд. Илҳомҷон Ёқубов аз рӯзи аввали таъсисёбии ин кумита аъзои он буда, масъулиятҳои гуногунро ба гардан дошт ва тӯли 5 соли фаъолияти кумита ҳамеша аз нафарони фаъолтарин буд. Ҳамеша бо саъю кӯшиши холисонаи ба худаш хос дар ҳама мушкилоти пешомадаи кумита саҳм мегузорад. Нафарест, ки боре ҳам иҷрои масъулияте худро канор назадааст. Хислатҳои неку талошҳои холисонаи ӯ барои мо аъзоҳои кумита ҳамеша намунаи ибрат буда ба мо рӯҳу қуввати тоза мебахшанд.

Иззатуллоҳ Қурбонов ҳам таи фаъолияташон дар кумита худро бо беҳтарин хислатҳо аз қабили кордонӣ, фаъолияти холисона ва пурталош будан нишон додааст.

Мо аъзоҳои Кумита шуморо ба зодрӯзатон табрик гуфта бароятон умри дароз, бурдборӣ ва рӯзгори хушро таманно мекунем ва ифтихор дорем, ки чунин ҳамсангар ва дӯстони коркушта дорем!

Саломату сарбаланд саодатманд бошед, Илҳомҷон ва Иззатуллоҳ!

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Зиндониён ва Гаравгонони Сиёсии Тоҷикистон.

Варшава.15.11.2023

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑