Рӯзноманигор ва блогнавис Хушрӯз Ҷумаев, ки бо тахаллуси Хушом Ғулом маъруф аст, имрӯз дар бемористони маҳбаси шаҳри Душанбе як амалиёти мураккаби ҷарроҳиро аз сар гузаронидааст.
Амалиёт бо сабаби шиддат ёфтани бемории варикостелле гузаронида шудааст. Ин беморӣ имкон дорад дар натиҷаи шиканҷаи шадид, аз ҷумла зарбаи барқ, ки Хушом Ғулом дар ҳафтаҳои аввали баъди боздошташ аз сар гузаронида буд, пайдо шудааст.
Хушом Ғулом, тарғибгар, муҳаққиқи забон, фарҳанг ва таърихи Бадахшонзамин, рӯзи 19 майи соли 2022 аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт шуда буд.
Панҷ рӯзи аввал дар бораи дар куҷо будани Хушом Ғулом маълумоте набуд. Дар тамоми ин муддат боздоштшуда аз дастрасӣ ба вакили дифоъ маҳрум буд. Пас аз он ҳимояи маҳкумшуда аз ҷониби «вакили таъиншуда», ки аз ҷониби мақомоти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ таъин шудааст, анҷом меёфт.
Набудани дастрасӣ ба вакили мудофеъ, бахусус дар рӯзҳои аввали боздошт, яке аз маъмултарин нақзи ҳуқуқи боздоштшудаҳо дар Тоҷикистон аст.
Тафтишот кӯшиш мекунад, ки ҳарчӣ зудтар эътирофи гуноҳи афроди боздоштшударо ба даст орад ва аз ин рӯ, барои ноил шудан ба мақсади худ аз амалҳои мухталифи ғайриқонунӣ, аз ҷумла шиканҷа ва таҳдид ба ҷони наздиконро истифода мекунад.
Тафтиши парвандаҳои ҳамаи фаъолони Бадахшон бо мақсади аз омма пинҳон доштани қонуншиканиҳои сершуморе, ки дар рафти тафтишот содир карда шудаанд, зери мӯҳри «махфӣ» баррасӣ шудаанд, ки ин ҳам як қонуншикании дигар аст.
Додгоҳ дар охири моҳи декабри соли 2022 рӯзноманигор Хушом Ғуломро тибқи моддаи 187 қисми 2 («Ташкили иттиҳоди ҷиноӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)) гунаҳкор дониста, ба 8 соли зиндон дар колонияи низомаш шадид маҳкум кард.
Ҳоло Хушом Ғулом дар колонияи ислоҳии рақами 7-и шаҳри Душанбе (маъруф ба «Якум Советский») адои ҷазо мекунад.
Ба Хушом Ғулом шифои оҷилу комил ва ҳарчӣ зудтар барқарории саломатияшро таманно дорам!
(Аз саҳифаи ФБ-и Анора Саркорова)
P.S. Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон ҳам сиҳатмандии комилу оҷили маҳбуси сиёсӣ, рӯзноманигор ва муҳаққиқ Хушом Ғуломро таманно карда, аз ҳукумати Тоҷикистон қотеъона талаби озодии зиндониёни сиёсиро мекунад.
Ҳадди ақал зиндониёни бемор ва зиндониёни солхурдаро бо шарти тарк накардани манзили зисташон озод кунед.
Озод кардани маҳбусони солхӯрда ва бемор на танҳо бар зарари ҳукумат нест, балки обу рӯи ҳукуматро дар ҷомеъа боло хоҳад бурд.
Агар ин ҳукумат мехоҳад барои худ баҳои сиёсии мусбат бигирад, озод кардани зиндониёни солхурдаву бемор барояш беҳтарин имконият аст.
#озодӣ_ба_маҳбусони_сиёсӣ





Оставьте комментарий