Гузориши аз ҷаласаи солонаи Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон

Дирӯз дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон ҷаласаи солонаи Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон доир гардид. Дар ҷаласа раиси Кумита Бобоев Абдусаттор аз яксола фаъолияти Кумита гузориши муфассал дода истеъфои худро эълон кард. Баъд аз баррасии гузориши раис интихоботи раиси ҷадид оғоз шуд. 

Номзадии 5 нафар аз ҷониби аъзоёни кумита  ба раҳбарӣ пешниҳод шуданд:

  1. М. Соҳибназарова
  2. А. Бобоев
  3. А. Амониён
  4. М. Ризоӣ
  5. М. Садриддин

М. Соҳибназарова ва М. Ризоӣ номзадии худро бозпас гирифтанд.

Сипас овоздиҳии пинҳони оғоз гардид ва бо аксари оро Бобоев Абдусаттор раиси Кумита интихоб шуданд. 

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон.

24.12.2023 

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑