Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун
Тибқи хабаре, ки имрӯз ба мо расид, Раҷабалӣ Комилов, бародари Ҷаннатуллоҳи Комил, ки ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум гашта буд, дар зиндон аз ин дунё реҳлат намудааст.
Раҷабалӣ Комилов як умр ранҷ дидааст. Дар аввалҳои солҳои 90-уми асри гузашта, ӯ ё зери фишору таъқиб буд ё зиндонӣ. Аввал падарашро куштанд. Ӯ, ки писари калонӣ буд, тамоми бори зиндагӣ ба дӯшаш афтод. Ҳиҷрат карда, таъқиб шуд, зиндонӣ гашт. Чӣ аламҳое надид!
Марҳум ҷабру ситами ин низоми хунхорро бо тамоми буду набудаш аз сар гузаронд. Ва аз дасти ҳамин низом дар зиндон ҷон ба Ҷонофарин супурд.
Раҷабалӣ Комилов ба тамоми маънояш инсон буд ва ҳама сахтиҳоро мардонавор паси сар мекард.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ба аҳли хонаводаи шаҳидпарвари марҳум, хусусан ба бародар, Ҷаннатуллоҳи Комил таъзия баён намуда, барояшон сабри ҷамил мехоҳад.
Барои марҳум бошад аз Худованд раҳмату мағфират ва биҳишти ҷовидонро иноят фармояд. Омин!
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
05.01.2024




Оставьте комментарий