Абдусаттор Бобоев: “Магар Илҳомҷон ва падари гиромиаш хоки Тоҷикистонро ба касе фурӯхтаанд, ки ба унвони хоини миллат маҳкум гарданд?”

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз хонаводаи Ёқубовҳо

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), бо баёни ин ки КШНГЗС имрӯз вазифаи худ медонад, ки “дар баробари ин ҳукми ғайри одилона, ҳимояти худро эълон кунад ва аз Илҳомҷон ва Ҳоҷӣ Бобо Дадоҷон Ёқубов дифоъ кунад”, гуфт: “Ҷойи таассуф аст, ки ба ҷойи душманон ва хоинони воқеии миллати тоҷик, ватанпарастон ва дӯстдорони ҳақиқии кишвари азизамонро маҳкум мекунанд! Магар Илҳомҷон ва падари гиромиаш, хоки Тоҷикистонро фурӯхтаанд ва ба касе онро бахшидаанд, ки ба унвони душман ва хоини миллат маҳкум гарданд? Агар додгоҳи Тоҷикистон воқеан ба дунболи адолат аст, пас аввал хоинони ҳақиқиро, ки хоки кишварамонро фурӯхтааст, алайҳи ӯ ҳукм содир кунад ва ӯро маҳкум ба зиндон намояд!”

* * *

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ҳафтаи ҷориро барои хонаводаи фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик ва устоди донишгоҳ Дадоҷон Ёқубов ва фаъоли сиёсӣ ва раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо ва узви фаъоли Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), Илҳомҷон Ёқубов ихтисос дод. Ҳафтаи гузашта Додгоҳи Хуҷанд аъзои ин хонаводаи мӯҳтарамро ба сурати ғоибона ва бидуни ҳеч далели малмус, ба муддатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи Хуҷанд ҳукмҳои Илҳомҷон Ёқубов, падараш Дадоҷон Ёқубов, модараш Очаҷон Ёқубова ва хоҳараш Мунира Ёқубоваро моҳи декабри соли 2023 содир кардааст.

Илҳомҷон Ёқубов, фаъоли сиёсӣ ва раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо ва узви фаъоли Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, инак беш аз ҳашт сол аст, ки дар Литва ба унвони паноҳандаи сиёсӣ ҳамроҳи волидонаш зиндагӣ мекунад.

Бар асоси гузориши Радиои Озодӣ, дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳукмро шарҳ надоданд. Як манбаъи наздик ба тафтишот, бе зикри номаш, рӯзи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дадоҷон Ёқубов ба 14 сол, Очаҷон Ёқубова ба 7 сол ва Мунира Ёқубова ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуданд.”

Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфтааст: “Ҳамаи онҳоро бар асоси банди тундгароӣ муҳокима карда ва гунаҳкор донистанд.” Вай дар мавриди Илҳомҷон Ёқубов гуфтааст: “Ӯ ба муддати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудааст.

Илҳомҷон Ёқубов дар таърихи 11-уми январи соли ҷорӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз эълони ҳукмҳо огоҳ аст, вале бо он розӣ нест: “Ин ҳукмҳо сангин ҳастанд ва комилан норозиям. Падару модари солхӯрдаам ва хоҳарам ба фаъолияти ман ҳеч рабте надоранд, чаро бояд ба зиндон маҳкум шаванд?

Ёқубов гуфт, мақомоти интизомии Хуҷанд ҳанӯз дар соли 2016 акси ӯро дар қатори шахсони таҳти ҷустуҷӯ гузошта буданд. “Он замон алайҳи ман ба иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ва тундгароӣ парванда боз карданд. Акси падари 80-сола, модари 75-сола ва хоҳари 52-солаамро дар соли 2023 ба ин қатор изофа карданд,» – илова кард ӯ.

Илҳомҷон Ёқубов гуфт, баъд аз мамнӯъ шудани фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар соли 2015 кишварро тарк кард ва соли 2016 волидонашро низ ба назди худ овард.

Як бародарам дар Тоҷикистон монда буд. Чанд муддат нопадид буд. Дар соли 2018 дарак ёфтем, ки фавтидааст. Бо талоши зиёд гӯрашро дар оромгоҳи “Нури Ислом” дар Хуҷанд ёфтем,” — гуфт Илҳомҷон Ёқубов.

Бар пояи гузориши Радиои Озодӣ, мақомоти Тоҷикистон аз соли 2017 ба ин тараф парвандаи шахсони гумонбарро, ки дар хориҷа ҳастанд, дар ғайбашон баррасӣ мекунанд. Таҷрибае, ки дар Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон истифода мешавад.

Абдусаттор Бобоев: “Магар Илҳомҷон ва падари гиромиаш хоки Тоҷикистонро ба касе фурӯхтаанд, ки ба унвони хоини миллат маҳкум гарданд?

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), дар гуфтугӯ бо сойти “Зиндониён”, зимни маҳкум кардани ҳукми додгоҳи Тоҷикистон алайҳи Илҳомҷон Ёқубов ва волидайн ва хоҳаронаш, гуфт: “Ҳукми додгоҳи Хуҷанд нисбати Илоҳмҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо ва узви бисёр фаъоли Паймони Миллии Тоҷикистонро ғайриодилона аст ва қобили қабул нест.”

Вай афзуд: “Ҷойи таассуф аст, ки ба ҷойи душманон ва хоинони воқеии миллати тоҷик, ватанпарастон ва дӯстдорони ҳақиқии кишвари азизамонро маҳкум мекунанд! Магар Илҳомҷон ва падари гиромиаш, хоки Тоҷикистонро фурӯхтаанд ва ба касе онро бахшидаанд, ки ба унвони душман ва хоини миллат маҳкум гарданд? Агар додгоҳи Тоҷикистон воқеан ба дунболи адолат аст, пас аввал хоинони ҳақиқиро, ки хоки кишварамонро фурӯхтааст, алайҳи ӯ ҳукм содир кунад ва ӯро маҳкум ба зиндон намояд!

Бобоев таъкид кард: “КШНГЗС ҳамон тавр ки аз зиндониён ва гаравгонҳо ҳимоят мекунад, имрӯз вазифаи худ медонад, ки дар баробари ин ҳукми ғайри одилона, ҳимояти худро эълон кунад ва аз Илҳомҷон ва Ҳоҷӣ Бобо Дадоҷон Ёқубов дифоъ кунад.”

#Ҳафтаи_дифоъ_аз_хонаводаи_Ёқубовҳо

#Ҳукми_додгоҳи_Тоҷикистон_алайҳи_хонаводаи_Ёқубовҳо_қобили_қабул_нест

#Ҳукми_додгоҳи_Тоҷикистон_алайҳи_хонаводаи_Ёқубовҳо_ҷиноят_аст

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑