Пажӯҳишгари собиқи Созмони Дидбони ҳуқуқи башар, ҳукми додгоҳи Хуҷанд нисбати хонаводаи Ёқубовҳоро, “саркӯби ваҳшиёнаи фаромиллӣ” хонд

Стив Свердлов, ҳуқуқшиноси маъруф, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон дар донишгоҳ ва пажӯҳишгари собиқи Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch), ҳукми додгоҳи Хуҷанд нисбати хонаводаи Ёқубовҳоро, “саркӯби ваҳшиёнаи фаромиллӣ” хонд.

Вай дар сафҳаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Х (Твиттери собиқ) навишт:

“Як мавриди дигар аз саркӯби ваҳшиёнаи фаромиллӣ дар Тоҷикистон. Хонаводаи Илҳом Ёқубов, фаъоли мухолиф дар Тоҷикистон маҳкум шуданд.”

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑