Номаи сакушодаи Илҳомҷон Ёқубов ба Раиси Суди шаҳри Хуҷанд

Илҳомҷон Ёқубов, узви фаъоли ПМТ ва раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо, тайи номае саркушода ба Раиси Суди шаҳри Хуҷанд, ҳукми додгоҳ дар ғиёби ӯ, падар ва хоҳарашро ғайриқонунӣ дониста, онро хилофи қонунҳои ҷазоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла қисми 4 моддаи 280 КМҶ ҶТ ва низ моддаҳои 280, қ.4; м.286 қ.3 ва моддаи 307 КМҶ ҶТ унвон кардааст. Вай дар ин нома аз Суди шаҳри Хуҷанд дархост кардааст, ки: “маълумот оиди он ки нисбати мо, Илҳомҷон Дадаҷонович Ёқубов, Ёқубов Дадоҷон, Ёқубова Очахон ва Ҷӯраева Мунира парвандаи ҷиноятӣ дар Суди шаҳри Хуҷанд баррасӣ шудааст ё не фиристода шавад. Агар чунин парванда баррасӣ шуда бошад, пас нусхаи ба тарзи лозима тасдиқшудаи онро барои овардани шикоятҳо ба суроғаи почтаи электронии ман фавран равон кунед.” Илҳомҷон Ёқубов дар поён изҳори умедворӣ кардааст, ки: “баррасии аризаи мазкур вақти зиёдро намегирад ва шумо дар асоси қонунҳои ҷории Тоҷикистон амал намуда, монеъаи овардани шикоят аз болои ҳукми суди намешавед.”

Номаи саркушодаи мазкур ба нақл аз сафҳаи корбарии Илҳомҷон Ёқубов дар Фейсбук ба шарҳи зерин аст:

Ба Раиси Суди шаҳри Хуҷанд,

Аз номи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Илҳомҷон Дадаҷонович Ёқубов,

Маҳалли паноҳандагӣ ва сукунат: Ҷумҳурии Литва кӯчаи V. Vaitkaus g 9-44

Почтаи электронӣ: yoqubzade77@gmail.com

Ариза

(Тибқи талаботи моддаҳои 350, 357 КМҶ ҶТ)

Тибқи маълумотҳое, ки ба ман аз тариқи хешу табор, ҳамсоягон ва расонаҳо расидааст, суди шаҳри Хуҷанд тахминан рӯзи 08.12.2023 парвандаи ҷиноятӣ нисбати ман, падарам Ёқубов Дадоҷон, модарам Ёқубова Очахон ва хоҳарам Ҷӯраева Мунираро бе иштироки мо, ба тариқи ғоибона дида баромада, нисбати мо ҳукмҳои гуногуни айбдоркунанда баровардааст. Дар ин мурофиаи судӣ ҳамчун шоҳид амакҳоям Мамараҳимовҳо ва чор нафар ҳамсоягон иштирок кардаанд. Қарори судии мазкур дар ҳузури шоҳидон қироат шуда, пас аз он намояндаи суди шаҳри Хуҷанд бо ҳамроҳи амакҳоям ба манзили зисти падар ва модарам, ки дар суроғаи ш. Хуҷанд. маҳаллаи Чашмаи арзана-3 квартали 40 ва ҳавлии №13 рафта, протоколи мусодираи амвол тартиб дода, дар ҳузури амакҳоям ва ҳамсоягон ҳавлиҳои шахсии волидайн ва хоҳарамро мусодира ва ба ҳисоби давлат гузаронидаанд.

Ман ҳукми судии мазкурро бо асосҳои дар поён оварда ғайриқонунӣ, беасос ва муҳтавои сиёсӣ дошта меҳисобам.

Ба судҳо имконияти моҳиятан баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ ба шакли ғоибона дар асоси Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 таҳти № 1333, ки бо он ба Кодекси ҷиноятӣ таъғирот ва иловаҳо ворид гардид, пайдо гардидааст. Тибқи талаботи қ.4 моддаи 280 КМҶ ҶТ “Дар ҳолатҳои истисноӣ суд метавонад парвандаро оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин бе иштироки судшавандае, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозиршавӣ ба муҳокимаи судӣ саркашӣ мекунад, баррасӣ намояд, агар ин шахс дар ҳудуди давлати хориҷӣ бо ҳамин ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуда бошад”. Маънои “аз ҳозиршавӣ ба муҳокимаи судӣ саркашӣ мекунад” он аст, ки шаҳрванд аниқ огоҳ аст, ки нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи муайяне оғоз карда шудааст ва ин парванда дар баррасии судӣ қарор дорад. Ва аломати аз ҳама муҳими “саркашӣ намудан” он аст, кӣ уро корманди масъули суд аққалан як маротиба бо шаклҳои қонун муайянкарда (даъватнома, телефонӣ, телеграфӣ, интернетӣ, хаттӣ) оиди рӯзу соати баррасии парванда огоҳ карда бошад. Дар ҳолати дигар, ҳозир нашудан дар мурофиаи судӣ ин саркашӣ ҳисобида намешавад, чунки шахс оиди он ки нисбаташ парванда дар суд қарор дорад ва он кадом рӯзу соат баррасӣ мешавад хабар надорад.

Дар мисоли мо айнан чунин шудааст. Мо дар берун аз Тоҷикистон истиқомат мекунем, вале суд ягон маротиба кӯшиши ба мо ба алоқа баромаданро накардааст. Ҳарчанде, ки чунин имкониятҳо баръало вуҷуд доштанд. Хешу ақрабои мо дар Тоҷикистон истиқомат доранд, мо шахсони пинҳонӣ нестем, дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъолам ва саҳфаи расмӣ дорам, раиси Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ мебошам. Ёфтани ман ва манро даъват намудан барои баррасии судӣ ба сифати судшаванда кори мушкиле набуд. Аз ҳамин лиҳоз, баррасии мурофиаи судӣ, бе ба таври қонунӣ огоҳонидани мо, бар хилофи талаботи қисми 4 моддаи 280 КМҶ ҶТ мебошад.

Агар суд моро ҳамчун шахсони аз адолати судӣ пинҳоншуда ҳисобида мурофиаро бе даъвати мо гузаронида бошад, он ҳам бо далелҳои зайл ғайриқонунӣ мебошад. Чунки тибқи қисми 3 моддаи 286 КМҶ, “агар судшаванда пинҳон шуда бошад, инчунин ба бемории рӯҳӣ ё бемории дигари вазнин гирифтор гашта, ҳозир шудани ӯро ба маҷлиси суд имконнопазир гардонад, суд пешбурди парвандаро нисбат ба ин судшаванда то ҷустуҷӯ намудан ё шифо ёфтани ӯ ё гирифтани хулосаи экспертиза бозмедорад ва нисбати судшавандагони дигар пешбурди парвандаро идома медиҳад. Агар муҳокимаи алоҳида ҳалли дурусти парвандаро мушкил гардонад, пешбурди парванда пурра боздошта мешавад. Кофтукови судшавандаи пинҳоншуда бо таъиноти (қарори) суд эълон карда мешавад”. Яъне ки агар моро “пинҳоншуда” ҳисобидед, пас бояд, ки то пайдо шудани мо парвандаро баррасӣ намекардед. Дар ин маврид ҳам бе иштироки мо ва ба тарзи ғоибона гузаронидани мурофиаи судӣ гайриқонунист. Аз ин рӯ баррасии парванда ва баровардани ҳукми судӣ бе иштироки мо ё намояндаи мо, бар хилофи талаботҳои моддаҳои 280, қ.4; м.286 қ.3 ва моддаи 307 КМҶ ҶТ мебошад.

Тибқи моддаи 5 Сарқонуни кишвар, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадру қимат, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Моддаи 17 Сарқонун бошад ба шаҳрвандон кафолати баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд додааст. Аз он ҷумла ба мо низ.

Дар ҳолати ба вуҷуд омада, ба мо зарур аст, ки бо ҳама роҳи қонунӣ ҳуқуқ ва озодиҳои худ, моликияти худро ҳимоя намоем. Вале ин бе дастрасӣ ба нусхаи ҳукм, шиносоӣ бо он ва имконияти овардани шикояти кассатсионӣ ё назоратӣ ғайриимкон мебошад. Аз тарафи суд ба судшавандае, ки берун аз Тоҷикистон қарор дорад ва дар бораи баргузории мурофиаи судӣ аз тариқӣ шиносону расонаҳо хабардор шудааст, дар асоси талаботаш ирсол накардани хукми суди – ин дағалона вайрон кардани талаботи Сарқонун, Паймонҳои байналмиллалӣ ва қонунгузории ҷории мурофиавист. Инчунин нишондиҳандаи ғарази сиёсӣ доштаи ҳукми судист. Аз хамин лиҳоз барои шиносоӣ ва овардани шикояти кассатсионӣ ба мо лозим аст, ки нусҳаи тасдиқшудаи ин ҳукмро нисбати мо ба суроғаи электронии дар ариза овардашуда суди шаҳри Хуҷанд ба мо равон кунад.

Талаботи мо дар асоси муҳтавои моддаҳои 350 ва 357 КМҶ ҶТ пешниҳод шуда истодааст. Дар қонунгузории мурофивии ҷиноятии Тоҷикистон сухан дар бораи манъи фиристодани нусхаи ҳукм ба судшаванде, ки берун аз ҳудуди кишвар истиқомат мекунад сухан ронда нашудааст. Дилхоҳ ҳукмҳо бояд дар муддати 10 руз пас аз эълон бояд ба дасти судшаванда расанд.

Дар асоси гуфтаҳои боло, мо аз Суди шаҳри Хуҷанд талаб менамоем, ки:

Ба мо маълумот оиди он ки нисбати мо, Илҳомҷон Дадаҷонович Ёқубов, Ёқубов Дадоҷон, Ёқубова Очахон ва Ҷӯраева Мунира парвандаи ҷиноятӣ дар Суди шаҳри Хуҷанд баррасӣ шудааст ё не фиристода шавад.

Агар чунин парванда баррасӣ шуда бошад, пас нусхаи ба тарзи лозима тасдиқшудаи онро барои овардани шикоятҳо ба суроғаи почтаи электронии ман — yoqubzade77@gmail.com фавран равон кунед.

Умедворам, ки баррасии аризаи мазкур вақти зиёдро намегирад ва шумо дар асоси қонунҳои ҷории Тоҷикистон амал намуда, монеъаи овардани шикоят аз болои ҳукми суди намешавед.

Бо эҳтиром,

Илҳомҷон Дадаҷонович Ёқубов

#Ҳафтаи_дифоъ_аз_хонаводаи_Ёқубовҳо

#Ҳукми_додгоҳи_Тоҷикистон_алайҳи_хонаводаи_Ёқубовҳо_қобили_қабул_нест

#Ҳукми_додгоҳи_Тоҷикистон_алайҳи_хонаводаи_Ёқубовҳо_ҷиноят_аст

Номаи сакушодаи Илҳомҷон Ёқубов ба Раиси Суди шаҳри Хуҷанд: 1 комментарий

Добавьте свой

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑