Баёнияи КШНГЗС дар хусуси ҳукми Додгоҳи шаҳри Хуҷанд алайҳи хонаводаи Ёқубовҳо

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), ҳукми Додгоҳи шаҳри Хуҷанд алайҳи фаъоли сиёсӣ ва раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо — Илҳомҷон Ёқубов, падараш, устоди донишгоҳ — Дадоҷон Ёқубов, модари азизаш – Очаҷон Ёқубова ва хоҳараш – Мунира Ёқубоваро ба шиддат маҳкум карда, онро ғайриодилона медонад ва ва аз Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо мекунад, фавран ин ҳукми золимонаро лағв ва бекор кунад. Ва ҳамчунин аз ниҳодҳои марбутаи Ҷумҳурии Литва, ки Илҳомҷон, модараш ва падараш Дадоҷон Ёқубовҳо дар ин кишвар ба сар мебаранд ва онҳо ба унвони паноҳандаи сиёсӣ таҳти ҳифозати ин кишвар қарор доранд, дархост мекунад, то иқдомҳои лозимро барои бекор кардани ин ҳукми ғайриқонунӣ бардорад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), ки Илҳомҷон Ёқубов ба унвони узви фаъоли он аст, вазифаи худ мешуморад, ки ҳама гуна иқдоми қонунӣ ва байналмилалиро дар ростои ҳифзи Илҳомҷон ва оилааш намояд. Бинобар ин, аз тамоми ниҳодҳо ва созмонҳои байналмилаии ҳуқуқи башар аз ҷумла Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) ва соири ниҳодҳои марбута хоҳиш мекунад, батафовут набошанд ва аз режими Раҳмон бихоҳанд, ҳукми ғайриқонунии мазкурро фавран бекор намояд.

Мо умеворем, Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳукми Додгоҳи шаҳри Хуҷандро ғайриқонунӣ ташхис бидиҳад ҳамон тавре ки худи Илҳомҷон Ёқубов дар номаи сакушодаи хеш ба Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба он ишора кардааст ва фавран ин ҳукмро бекор намояд.

Бо эҳтиром, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

Варшава

18 январи 2024

Оставить комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑