Рустам Эмомов кист ва чаро ӯро ба муддати 17 сол равонаи зиндон кардаанд?

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз Рустам Эмомов

Дар бораи Рустам Эмомов, ки дар ҳоли ҳозир дар зиндон қарор дорад, иттилоъоти чандон зиёде дар даст нест ва ҳатто бастагонаш аз гуфтан дар бораи ӯ меҳаросанд, ҳамон тавре ки ин ҳолат гиребонгири бештари бастагон ва наздикони зиёндониёни сиёсии тоҷик мебошад.

Ба ҳар ҳол, Рустам Эмомов, аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Ӯ, тибқи гузориши Радиои Озодӣ дар таърихи 6 октябри 2015, ҳамроҳи соири раҳбарон ва аъзоёни фаъоли ин ҳизб дар ҳамин таърих боздошт шуда буд.

Дар эъломияи Додситонии кулли Тоҷикистон дар ҳамон таърих гуфта шудааст, ки “теъдоди муайяни аъзои гурӯҳи муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода ба ҳабс гирифта шудаанд.”

Маҳкумияти боздошти Рустам Эмомов ва ҳамроҳонаш аз сӯйи Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ”

Муҳокимаи Рустам Эмомов ва инчунин ҳамроҳонаш аз фаъолони ҲНИТ пушти дарҳои баста баргузор шуд. Надежда Атаева, раҳбари Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ”, рӯзи 8 феврали 2016, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, он чи ки дар робита ба парвандаҳои зидди аъзои баландпояи ҲНИТ дар Тоҷикистон мегузарад, хеле нигаронкунанда аст ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла аъзои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро тақозо мекунад: ”Мо аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват мекунем, ки аз ҳукумати Тоҷикистон баргузории муҳокимаи мунсифона ва озоди ин парвандаҳоро тақозо кунад. Ба назари мо, пушти дарҳои баста барпо кардани ин додгоҳ ба ин маъност, ки мақомот мехоҳанд камбуди далелҳои кофӣ алайҳи афроди муттаҳамро аз ҷомиа рӯпӯш кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон бояд бар ӯҳдадориҳои байналмилалиаш амал кунад. Яке аз чунин ӯҳдадориҳо риояи меърҳои демократӣ, аз ҷумла таъмини муҳокимаи одилонаи парвандаҳо дар додгоҳҳои ин кишвар аст.”

Ба иттилои Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” дар паҳлӯи 13 нафари раҳбарони ҳизб, инчунин се нафари дигар аз наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ҳам ба додгоҳ эҳзор шудаанд. Атаева гуфт, “Бешубҳа, ин муҳокимаи додгоҳӣ аз назари вазъи умумии сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ нақши хеле муҳим дорад. Масъала ин аст, ки фишорҳои бесобиқа нисбати яке аз ҳизбҳои пешвои мухолифин ҷараён дорад ва ин ҳизб дорои эътибори хеле ҷиддӣ аст. Барои созмони мо иттиҳоми ин ҳизб дар фаълиятҳои террористию экстремистӣ худ як ангезаи сиёсӣ аст”.

Дар баёнияи Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” ҳамчунин омадааст: ”Иттиҳомот алайҳи аъзои ҲНИТ танҳо бар пояи шаҳодатҳоест, ки дар натиҷаи шиканҷа ба даст омадааст. Бо ин вуҷуд додситонӣ айбномаро имзо карда ва парванда ба додгоҳ ирсол шудааст. Ҷаласаи додгоҳ пушти дарҳои баста баргузор шуда ва ба ин тартиб, нақзи муқаррароти қазоӣ аз чашми аҳли ҷомеа пинҳон мемонад.”

Надежда Атаева дар сӯҳбат бо Озодӣ бо ишора ба ҷараёни тафтишот, аз ҷумла гузоришҳо дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба аъзои боздоштшудаи ҲНИТ, фишору таъқиби наздикони онҳо боздошти дастикам ду вакили мудофеъ, ки ба ҳимоят аз онҳо ҷуръат карданд, ва таъини адвокатҳои ба ном “давлатӣ” барои ин боздоштшудаҳо, мегӯяд, дар ғайри сурати баргузории додгоҳи боз ва одилона созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро маҳбусони сиёсӣ эътироф кунанд.

Бино ба иттилои Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ”, то имрӯз дастикам 8 узви ҲНИТ – раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фархор Ҳасан Раҳимов (9 соли зиндон), Зайниддин Юсупов (10 сол), Асомиддин Абдураҳмонов (10сол), Таваккал Бобоев (18 сол), Рустам Эмомов (17 сол), Умаршо Давлатов (15 сол), Маҳмадалӣ Исломов (5 сол) ва Завқибек Раҳмонов (4сол) маҳкум ба зиндон шудаанд. Дастикам 6 узви дигари ин ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ мамнӯъулсафар шуда, даҳҳо узви дигари ҲНИТ, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, Саидиброҳими назар, Шоҳнаими Карим, Қамариддин Афзалӣ, Хайрисо Саидова, Неъматулло Амонбеков, дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

#Ҳафтаи_дифоъ_аз_Рустам_Эмомов

#Озодӣ_барои_Рустам_Эмомов

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑