Ба ниҳодҳое чун:
Созмони Милали Мутаҳид (UN),
Итиҳодияи Аврупо (EU),
Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW),
Бунёди Ҳелсинки барои ҳуқуқи инсон (HFHR),
Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия (NHC)
Намояндагони корпусҳои дипломатӣ дар Тоҷикистон.
Аз номи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон зимни муроҷиати хеш, аз Шумо бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро ба таври ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор диҳед, чун вазъият дар Тоҷикистон фоҷеабор боқӣ мондааст ва КШНГЗС-ро нигарон кардааст.
Мо медонем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қазияи Тоҷикистон бетараф нест. Дар ин охирҳо талаби Бен Кардан, раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико, Мери Лолор, гузоришгари вежа дар умури ҳуқуқи инсон, Фернан де Варен, гузоришгари СММ дар умури ақаллиятҳо, 8 коршиноси СММ, чанд намояндаи баландпояи Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, Дидбони ҳуқуқи башар, Freedom For Eurasia ва Freedom NOW моро умедвор карданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон иштибоҳи худро дарк мекунад ва ба нақзи ҳуқуқи инсон хотима мебахшад.
Мутаассифона Ҳукумати Тоҷикистон на дархости СММ ва на ягон талаби Иттиҳоди Аврупоро ба назар намегирад ва баръакс бо маблағи ҷудонамудаи Иттиҳоди Аврупо барои мубориза бо терроризм, шаҳрвандони бегуноҳро бо иттиҳомҳои сохта зиндонӣ намуда, шиканҷа мекунад ва худро ҳақ ҳам мешуморанд.
Ба ин, нишасти солонаи Женева мисол шуда метавонад. Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин нишаст муовини вазири Вазорати корҳои дохилӣ, Абдураҳмон Аламшозода, ки дар куштори осоиштаи мардуми Рӯшон даст дошт иштирок кард. Вақте гузоришгар Рангита де Силва зимни суханронии хеш изҳори нигаронӣ аз ҳабси чанд хабарнигор ва ҳомиёни ҳуқуқ аз миёни занон аз ҷумла журналисти помирӣ ва ҳомии ҳуқуқ, Улфатхоним Мамадшоева кард, Абдураҳмон Аламшозода Улфатхоним Маҳмадшоеваро бо он гунаҳкор намуд, ки гӯё ӯ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро ба беназмӣ мехонд ва ҳамчунин сирри ҳукумати Тоҷикистонро ба хориҷиён фурӯхтааст. Албатта бепоя будани ин далели Аламшозодаро тамоми созмонҳои ҳомии ҳуқуқ медонанд. Ҳамчунин ҳама огоҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳар як боздоштшуда зери шиканҷаи шадид тамоми гуноҳи нокардаро ба дӯш мегирад.
Мӯҳтарам созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ! Муроҷиати моро ҳам сабаб ин аст. Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз пойи Аламшозода ба Душанбе нарасида, кормандони мақомот модари журналист, Анора Саркороваро ба мақомот даъват намуданд. Анора Саркорова, ки ҳодисаҳои Помирро ҳамарӯза инъикос мекард, аз ҷониби мақомот зери таъқиб қарор гирифт. Ва чун ин хабарнигор дар берун аз Тоҷикистон қарор дорад, мақомот барои фишор овардан ба ӯ, модари пирашро ҳадаф қарор додаанд ва бори чандум аст, ки ӯро ба мақомот даъват намуда, талаби баргаштани духтарашро мекунанд.
Тибқи гуфтаҳои ин хабарнигор, ба ӯ бо моддаи 307 қисми 1 парванда боз намудаанд ва аз модараш дархост мекунанд, ки ба духтараш фишор биёварад, то ӯ ба Тоҷикистон баргашта, аз президент Раҳмон узрхоҳӣ ва бахшиши гуноҳ кунад.
Вақте навиштани сухани ҳақ барои ҳукумати Тоҷикистон гуноҳ ҳисобида шавад, магар ин туф кардан ба демократия ва қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон нест? Шумо шоҳид ҳастед, ки Раҳмон талаб ва дархости касеро ба инобат намегирад. Имрӯз барои раҳоии журналистони зиндонӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон, кам кардани шиканҷа дар зиндонҳо дасти на фақат мо, балки дасти шумо ҳам кӯтоҳӣ карда истодааст.
Ин аст, ки мо, аъзои КШНГЗС аз Шумо ҳоҳиш мекунем, ки дар якҷоягӣ нагузорем, ки сарнавишти Улфатхоним Мамадшоева ва мисли ӯ садҳо нафар зиндониёни сиёсӣ, дар Анора такрор шавад.
Мо итминон дорем, ки фақат талаби қатъӣ, худдорӣ намудан аз ҳар гуна ҳамкорӣ бо ҳукумати Раҳмон, маҳрум намудани ӯ аз кӯмакҳои башардӯстонаи Иттиҳоди Аврупо ва ҷорӣ намудани таҳрим зидди ӯ пояи ҳукуматашро заиф хоҳад намуд. Бовар дорем, ки бо ин роҳ қадами устуворе дар ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд.
Бо эҳтиром, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон
6 феврали 2024




Оставьте комментарий