Изҳороти Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ҳукми ноадолатона нисбат ба муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” Абдухалил Холиқзод, нисбати муҳаррири ин китоб, адабиётшинос ва нависандаи мумтоз Абдулқодири Рустам ва ношири он мудири нашриёти “Ёр Граф” Сӯҳроб Раҷабзодаро шадидан маҳкум мекунад!

Содир кардани ҳукм нисбати ин се нафар на ин, ки ба ин се нафар доғи судӣ меорад, балки доғи сиёҳи нангине дар сафҳаи таърих хоҳад буд, ки рӯи ин низомро то абад сиёҳ хоҳад кард. Ҳамчунон, ки таърих баъди садсолаҳо нил кашидан ба чашми Рӯдакӣ, таҳдиди шоҳ Маҳмуди Ғазнавӣ бар Фирдавсӣ, оташ задани Ҷордано Бруно ва Николай Коперник, зиндонӣ шудани Солженитсин ва дигаронро фаромӯш накардааст ва ҳамасола аз онҳо ёд ва бар золимин лаънат мефиристад, шумо ҳам зери ин лаънати таърих хоҳед монд!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон қатъан талаби озодии Абдухалили Холиқзод, Абдуқодири Рустам ва Сӯҳроб Раҷабзодаро карда аз мардуми шарифи Тоҷикистон, хусусан аз зиён даъват меорад то хомӯш набошанд. Агар имрӯз нафаре мисли Абдуқодири Рустам зиндонӣ мешавад, пас фардои ҳар як зиёии тоҷик дар хатар аст!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон инчунин аз корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва тамоми созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҳуқуқибашарии чи хориҷӣ ва чи дохилӣ хоҳиш мекунад то озод шудани Абдулқодири Рустам, Абдухалил Холиқзод ва Сӯҳроб Раҷабзода ин қазияро пайгири кунанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон.

Варшава

23.02.2024

Оставить комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑