Тибқи эълони фаврии дирӯзаи сойти расмии “Гурӯҳи 24” намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия Насимҷон Шарифов ба тарзи мармуз ғайб задааст. Инак дуюм рӯз аст, ки аз Насимҷон ҳеҷ хатту хабаре нест. Телефонаш хомуш буда ҷои буду бошаш маълум нест.
Гуфта мешавад, ки Насимҷон Шарипов аз соли 2015 дар Туркия зиндагӣ мекард ва тамоми қоидаҳои буду боши ин кишварро риоя мекард.
«Гурӯҳи 24» ҳадс мезанад, ки Насимҷон Шарифов рабуда шудааст. Чунки соли 2018 ӯ ва роҳбари «Гурӯҳи 24» Сӯҳроби Зафар бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Туркия боздошт шуда буданду баъди ду моҳ додгоҳи шаҳри Истонбул онҳоро озод карда буд.
Инчунин, ду бори дигар Насимҷон аз тарафи пулиси Туркия дар робита ба қазияи истирдодаш боздошт шудаву озод шуда буд.
Кӯшишҳои ҳукумат бо роҳи қонунӣ баргардонидани Насимҷон Шарифов натиҷа надоданд, аз ин рӯ гумон меравад, ки ин дафъа ӯро рабудаанд.
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон аз низоми худкомаи ҳукумати Тоҷикистон қатъан талаб мекунад, ки рабудан, таъқиб ва фишорро болои дигарандешон хотима бидиҳанд ва қонунҳои ҷории Тоҷикистон ва байналмиллалиро риоя кунанд.
Инчунин кумита аз ҳукумати Туркия ҳам талаб мекунад, то дар ин ҷиноятҳои режими худкомаи Тоҷикистон шарик нагардад ва обрӯи худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ накоҳонад.
Ҳамзамон кумита аз тамоми мухолифин, муборизин ва паноҳандагони сиёсии низоми худкомаи ҳукумати Тоҷикистон тақозо мекунад, ки ҳарчӣ зудтар ва сареътар кишварҳое, ки барояшон хатар дорад тарк кунанд.
Кушта шудани роҳбари пешини «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов дар соли 2015 дар Истонбул худ гувоҳи ин аст, ки дигарандешон бояд хушбовару хушбин набошанд, чунки аз дасти низоми худкомаи Тоҷикистон ҳар кор омаданаш мумкин аст.
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон тамоми кушиши худро ба харҷ хоҳад дода аз Насимҷон Шарифов ҳимоя хоҳад кард. Мо бо номаи махсус ба ниҳодҳои дахлдори Туркия муроҷиати худро мефиристем ва аз ин ниҳодҳо талаби пайдо кардани ӯ ва ба истирдоди ғайриқонунии ӯ роҳ надоданро хоҳем кард.
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон.
24.02.2024, Варшава





Оставьте комментарий