Шинос шавед: Ширалӣ Ғуломалиев-профессор, донишманди фалсафа. Ӯ пажӯҳишгари илмҳои инсонӣ ва ҷамъиятшиносӣ, муаллими забонҳои ҷопонӣ, инглисӣ ва помирӣ аст.
Роҳбари собиқи маркази фарҳангии тоҷикони Ҷопон.
Олиме дар ин сатҳ, ки барои зодгоҳи худаш нолозим гаштааст. Чаро? Барои тамоми тоҷикистониён посухи ин суол маълум аст.
Ширалӣ Ғуломалиев солҳои ахир дар донишгоҳи Тсукубои Ҷопон дарс мегуфт. Яке аз баҳтарин муаллимони ин донишгоҳ ҳисоб мешуд. Ширалӣ Ғуломалиев амалан танҳо фарде буд, ки тавассути ӯ даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Данғара, вилояти Суғду гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт дар донишгоҳҳои Ҷопон таҳсил мекарданд. Аммо, Ширалӣ Ғуломалиев маҷбур шуд тадрисро раҳо кунаду фавран Ҷопонро бо далели озору азият ва таҳдидҳои амниятӣ тарк кунад.
Низоми худкомаи Тоҷикистон ба ӯ унвони «хоин» ва «душмани халқ»-ро дод. Мақомоти низомии Тоҷикистон бар зидди ӯ парвандаи ҷиноятӣ бар асоси моддаи 307 (қ.1)-и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон боз кардаанд. Ин донишманд ба далели мавқеъи иҷтимоӣ ва интиқоди ошкор аз мақомоти Тоҷикистон «гунаҳгор» дониста шудааст.
Солҳо буд, ки Душанбеи расмӣ ба мардуми кишвар достонҳои даҳшатафканӣ дар бораи «саркардагоги гурӯҳҳои ҷиноӣ» ва «фурӯшандагони маводи мухаддир», ки ногаҳон аз ҷое дар Бадахшон пайдо мешуданд нақл мекард. Албатта, масъулин нафаронеро, ки зери димоғашон ҳастанду бастагонашон женеролу сарҳангу кормандони дигар мақомоти давлатӣ ҳастанд намебинанд. Чаро? Посухи ин суолро ҳам кули шаҳрвандони Тоҷикистон медонанд!
Тайи солҳои ахир, мақомот садҳо нафарро чун «авбош», «душмани халқ», «хоин миллат» кушта ва ҳазоронро, ки зиндагии “осоишта”-и мардумро халалдор мекарданд ба ҳабсҳои сангин маҳкум кард.
Чӣ? Акнун навбат ба «роҳзанон»-е аз ҷумлаи устодону рӯзноманигорон, фаъолони ҳуқуқи башар ва варзишкорон расид?!
Ҳама медонанд, ки гуноҳи чунинҳо дар он аст, ки онҳо натавонистанд идеологияи фашистии низоми худкомаро бипазиранд, натавонистанд дар баробари зулм, фишор, таҷовуз, шиканҷа ва зиндониву қатли шаҳрвандони кишвар хомӯш бинишинанд.
Сукут карданро раво надиданд, чашмонашонро дар баробари зулм набастанд ва меҳвари арзишҳояшонро иваз накарданд. Он ҷо, ки аз онҳо талаби хомӯш буданро карданд, онҳо садояшонро баландтар бардоштанд
Ва як нуктаи бисёр муҳими дигар: Шуруъ аз соли 2022 шабаҳи чекистона (КГБ) ба таври комил ба Тоҷикистон баргаштааст. Дубора ҳама дар кишвар ба дӯсту душман тақсим шуда, як тараф «ватанпарастон» (урапатриотҳо) ва тарафи дигар «хоинони миллат»-у «душманони халқ» саф кашидаанд. Ин омил ҳам ба роҳати қобили тавзеҳ аст. Чунки кишвар бо механизми пешинаи КБВу НКВД ва тавассути пайравони Ежову Берия идора мешавад.
Ҳамаро тавзеҳ дода мешавад, ба ҷуз аз ин, ки чаро ба дигарандешон «ватанфурӯш» мегӯянд? Хоку боигарии ин ватанро низоми худкома мефурӯшаду касе аз ин ҷиноят бигӯяд ӯро «ватанфурӯш» меноманд?!
Барои касоне, ки мумкин аст то ҳануз надонанд, тавҷеҳ медиҳам, ки ҳаққи фурӯхтани Тоҷикистон мутаалиқ ба танҳо як нафар аст. Танҳо як нафар — роҳбари давлат ва ҳукумат!
Танҳо раисҷумҳур ва фақат ӯ ҳаққи қонунии имзои санадҳои давлатӣ ва ҳуқуқиеро дорад, ки иҷозаи фурӯш ё додани қаламрави Тоҷикистонро доранд. Танҳо раисҷумҳури кишвар дорои чунин ваколат аст, на нафари дигар!
Дар ҳама асноди фурӯши қаламрави Тоҷикистон бо Чин имзои раисиҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон истодааст, на имзои Ширалӣ Ғуломалиев, ё ман ва ё садҳо нафари дигар, ки тавассути давлат ҷинояткор эълом шудаанд!

(Анора Саркорова)




Оставьте комментарий