Муаллифони гузориш президент Эмомалӣ Раҳмонро танқид кардаанд, ки аз соли 1992 боз қудратро дар Тоҷикистон ба даст дорад.
Freedom House ё Хонаи Озодӣ, созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон, Тоҷикистонро яке аз кишварҳои «бисёр саркӯбгар» дар ҷаҳон дар соли 2023 номидааст.
Созмон дар гузориши нави худ аз назари озодиҳо ба Тоҷикистон аз 100 хол танҳо 5 хол дод. Гузориши “Озодиҳо дар ҷаҳон 2024. Зиёни афзоянда аз интихоботи ғайриқонунӣ ва низоъҳои мусаллаҳона” (Freedom in the world 2024. The Mounting Damage of Flawed Elections and Armed Conflict) рӯзи 29-уми феврал нашр шуд.
«Озодиҳо дар Тоҷикистон дар соли 2023 бо сабаби талошҳои давомдори саркӯби озодии баён ва табъйизи ҷомеаи помириҳо боз ду зина поин рафт,» – гуфт Кетрин Грот (Cathryn Grothe), муҳаққиқи Freedom House.
Ӯ назарашро дар бораи вазъи Тоҷикистон ба таври хаттӣ ба Радиои Озодӣ фиристод. Мегӯяд, дар даҳ соли охир – аз 2013 то 2023 – раванди уфти якбораи нишондодҳои озодӣ дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад.
«Ин ҳолат ба ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои маданӣ таъсири бад расонда, ҳосили раҳбарии президенти худкома Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз соли 1992 қудратро дар даст нигоҳ медорад,» – шарҳ дод Кетрин Грот.
Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз назари худро ба гузориш баён накардаанд, аммо дар гузашта созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсонро ба нигоҳи ғаразомез ва якҷониба гунаҳкор намуда буданд.
Аз ҷумла, мақомот будани зиндониҳои сиёсиро аз ҳисоби мухолифону тарафдорони онҳо ва блогерону журналистони маъруф рад карда, мегӯянд, онҳо барои ҷиноятҳои мушаххас ҷазо гирифтаанд. Ҳарчанд худи маҳкумшудаҳо, пайвандон ва тарафдорон парвандаи онҳоро дорои ангезаи сиёсӣ медонанд.
Муҳаққиқони Freedom House ё Хонаи Озодӣ мегӯянд, пас аз саркӯби эътирозгарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2022 ҳабси даҳҳо нафар, аз ҷумла дастикам ҳашт журналисту блогер, озодиҳои маданӣ таҳти ҳамлаи афзоянда қарор гирифтанд.
(ozodi.org)




Оставьте комментарий