Изҳорот

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон нигаронии амиқи худро бобати тайи ду рӯзи ахир бедарак ғаӣб задани роҳбари «Гурӯҳи 24» Суҳроби Зафар, ки ахиран дар кишвари Туркия зиндагӣ мекард, иброз медорад.

Дар хабари фаврии нашршудаи «Гурӯҳи 24» Суҳроби Зафар аз рӯзи 10.03.2024 нопадид шуда ба тамосҳои телефон ҷавоб намедиҳад. То ҳануз аз ӯ ҳеҷ хабаре нест ва макони будубошаш низ то ҳануз номаълум боқӣ мемонад.

Ин дуввумин шахсест аз масулини радаи аввали «Гурӯҳи 24» ки дар ин авохир дар Туркия нопадид мешаванд. Пештар намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия Насимҷон Шарипов низ ҳамин гуна дар таърихи 23.02.2024 бедарак шуда буд ва то ҳол аз ӯ хабару маълумоте дастрас нест.

Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарипов қаблан ҳам бо дархости ҳукумати Тоҷикистон барои истирдод намудани онҳо аз ҷониби полиси Туркия боздошт шуда буданд, вале ба далили ангезаҳои сиёсӣ доштани парвандаҳояшон истирдодашон ба Тоҷикистон рад шуда буд.

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон бори дигар нигаронии амиқи худро нисбати ин рӯйдод баён намуда аз мақомоти кишвари Туркия ва тамоми созмонҳои ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои сиёсӣ тақозо менамояд, ки ба ин вазъияти пешомада аҳамияти хосса дода дар пайдо кардани ду намояндаи аршади ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24», роҳбари он Суҳроби Зафар ва намояндаи он дар Туркия Насимҷон Шарипов талош ва кумакҳои худро дареғ надоранд.

Инчунин, Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон аз ҳама мухолифон ва фаъолони сиёсии дар кишварҳое, ки ба онҳо хатар таҳдид мекунад ба сар мебаранд хоҳиш менамояд, ки фаври кишвари будубошашонро бо ҷойи амнтаре иваз намоянд!

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон
12.03.2024

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑