Изҳороти КШНГЗСТ дар мавриди фишору таҳдиди мақомот болои хешовандони мухолифин

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон фишору таҳдид ва гаравгон гирифтани пайвандони мухолифин аз ҷониби мақомоти қудратии низоми худкомаи Раҳмонро шадидан маҳкум мекунад ва аз мақомоти дахлдор қотеъона талаб мекунад, ки даст аз таҳдиду фишор болои мардуми бегуноҳ бардоранд!

Агар фарзанди болиғ, бародари 30-40 ё 50-60 солаи нафаре мухолифи низом аст, ин ҳаққи конститутсионии ӯст ва мувофиқи ҳамин конститутсия танҳо худи ҳамон нафаре, ки ҷиноят содир кардааст бояд муҷозот шавад, на падару модари пираш ё бародару хоҳараш, ки чандин сол аст зиндагии алоҳида доранд! Шумо бо ин амалҳои аз доираи қонун ва инсоният берунатон, ҳам худ ва ҳам миллати тоҷикро пеши ҷомеъаи ҷаҳон шармандаву беобурӯ мекунед! 

Агар худатон қонунҳои ҷориро риоя намекунед, пас аз дигарон чӣ талаб мекунед?! Агар нахондаед бингаред:

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Моддаи 7. Принсипи ҷавобгарии фардӣ ва гунаҳгорӣ

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1661)

1) Ҳеҷ кас таҳти ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор гирифта наметавонад ба ҷуз аз кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) шахсии худ.

Ҳукмҳои дастаҷамъӣ ҳамеша боиси беобурӯӣ барои ҳар ҳукумату низоме дар таърих буда ва ҳаст. То имрӯз таърих аз кирдорҳои фошистии Гитлеру Сталин, ки даст ба ҷиноёте аз ин қабил зада буданд фаромӯш накардааст. Имрӯз конслагерҳои Гитлеру ГУЛАГҳои Сталин боиси сархами олмониҳову шуравиҳои собиқ гаштааст. Ва аз кирдорҳои шумо ҳам бӯи конслагеру ГУЛАГ меояд! Фавран, даст аз ин амали нангин бардоред!

То имрӯз даҳҳо нафар дар фазои маҷозӣ аз таҳдиду фишор ва ҳатто шиканҷаву гаравгон гирифтани пайвандонашон иттилоъ додаанд, ки дар поён рӯйхати ками онро меорем, то дар дафтари аъмолатон сабт шавад. 

1.Шоҳраҷаб Шоҳимӣ. Падару модар ва хоҳарбузургаш дар дасти мақомоти амниятиянд.

2. Саидов Маҳмадзариф. Падару модар ва писараш дар идораи амният буда ҳуҷҷатҳои хонаашонро гирифтанд.

3. Салим Султонзода, ду бародараш се рӯз инҷониб дар идораи амниятанд.

4. Фарҳод Худоёров, зидди падару модар ва хоҳараш парванда боз кардаанд.

5. Шарофиддин Гадоев, модарашро даъват карда таҳдид кардаанд.

6. Абдушукур Маннонов, фишор болои хонавода.

7. Сулаймон Давлатов, ду бародарашро мақомот таҳдид кардаанд.

Тибқи гуфтаи худи мақомот сабаби фишору шиканҷаи пайвандони мухолифин сафари раисҷумҳури худкома Раҳмон ба Урупо будааст

Мубтанист, ки бо ин кирдорҳои ғайриқонунии худ, худи мақомот мухолифинро барои эътироз ва гирдиҳамоӣ таҳрик медиҳад ва далели хубе ҳам ба дасташон месупорад! 

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон аз ҳукумати Тоҷикистон, аз корпусҳои дипломатии кишварҳои хориҷии мустақар дар Душанбе ва созмонҳои ҳуқуқибашарии дохиливу хориҷӣ хоҳиш мекунад то дар ин қазия бетараф набошанд ва онро пайгирӣ кунанд.

Аз ҳукумати Тоҷикистон, хусусан аз ниҳодҳои қудратӣ ва амниятии кишвар бори дигар қотеъона талаб мекунем, ки худашон аввал қонунмеҳвар бошанд ва танҳо тибқи қонун амал намоянд ва даст аз фишору шиканҷаи мардуми бегуноҳ бардоранд! 

Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон

20.03.2024

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑