Ба ҳукумати Тоҷикистон,
Ба ҳукумати Федератсия Русия,
Ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон,
Ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва Русия дар қазияи боздошти ҷавонони тоҷик ва гумонбар шудани онҳо дар амали террористии Крокус Сити Ҳол
Қабл аз ҳама, Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки терроризмро бо тамоми зуҳуроташ қотеъона маҳкум мекунад ва ҳамеша тарафдори ҷилавгирӣ аз ҳама гуна аъмоли хушунатомез ва ифротгароӣ аст. Эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва ҳимоят аз озодиҳои инсонии ҳар як шаҳрванд усули калидии кори мо асту мо омодаи ҳамкорӣ бо ниҳодҳое ҳастем, ки дар баробари хушунат ва зӯроварӣ истодаанд.
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон ибтидо аз прокуратураи генералии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон дархости фаврӣ барои эҷоди як комисиюни муштарак бо ниҳодҳои марбутаи кишвари Русия мекунад, ки ҳадафи он ошноӣ бо рафти тафтишоти парвандаҳои таҳқиқотии марбут ба иттиҳомоти террористӣ алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бошад.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандон, тазмини додрасии одилона ва имкони анҷоми таҳқиқоти айнӣ аст. Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон хоҳони шаффофият ва инсоф дар тамоми фаъолиятҳои иҷрои қонун, аз ҷумла таҳқиқоти ҷиноӣ ҳастем.
Таъкид мекунем, ки боздоштшудагон гумонбар шуморида шуда, ҳама гуна ҷазои пешакӣ ва бе ҳукми суд дар ҳақи онҳо хилофи тамоми меъёрҳои ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.
Бо тавҷеҳи аҳамияти ин мавзӯъ барои таъмини волоияти қонун ва ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрванд, мо таъкидан талаб мекунем, ки мақомоти марбутаи Тоҷикистон билофосила комиссияеро бо вуҷуди мутахассисон ва коршиносон ташкил кунад. Ин комиссия бояд ба далелу ҳуҷҷатҳои тафтишотӣ дастрасӣ дошта бошад, то тавонад як таҳқиқоти мустақилро барои итминон аз риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва қонун дар баробари гумонбаршудагон анҷом диҳад.
Мо амиқан муътақидем, ки адолат ва ҳокимияти қонун бояд усули аслии мубориза бо терроризм бошад ва танҳо аз тариқи пойбандӣ ба ин усул метавон ба сулҳ ва суботи комил даст ёфт.
Аз шумо мехоҳем ба саломатии гумонбаршудагон тавваҷӯҳи вижа дошта бошед ва аз вазъи саломатии онҳо бохабар бошед. Асари шиканҷа дар сару руи гумонбарон бармало намоён аст! Истифода аз зӯр ва таҳдиду шиканҷаи гумонбарон иқрор шудани онҳоро қувваи қонунӣ намебахшад, балки ин усул тамоми далоили тафтишотро беқурб мегардонад.
Бояд талош шавад то итминон аз риояти ҳуқуқҳои инсонӣ таъмин бошад, то он чӣ қонунҳои ҷорӣ талаб мекунанд риоя шавад ва адолат таъмин гардад.
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон аз ҳукумати Тоҷикистон қотеъона талаб мекунад, ки даст аз боздошт ва бозпурсии хонаводаи ин 4 гумонбар бардоранд. Дар ягон қонуни дунё наомадааст, ки падар модар, зан фарзанд ё хоҳару бародари болиғу ҳатто падараруси гумонбар бояд ба ҷои гумонбар ҷавобгӯ бошад. Шумо ба ҷои он, ки кушиш кунед то аз ҳуқуқи шаҳрванди худ ҳимоят кунед, баръакс ҳуқуқҳои онҳоро поймол мекунед! Мо талаб мекунем, ки фавран хешовандони боздоштшудаи ин чор ҷавонро раҳо кунед!
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон талаб мекунад, ки ин комиссия таъҷилан наворҳое, ки камераҳои назоратии маҷмаъаи Крокус Сити сабт кардаанд омӯхта барои дастрасӣ ба ҷомеъа пешниҳод кунад.
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон инчунин аз Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дархост мекунад, ки фаъолона дар ин қазия мудохала карда иқдомоти лозимаро барои ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандоне, ки дар маърази нақзи ҳуқуқҳояшон ва дар маърази хушунату шиканҷа қарор гирифтаанд, рӯи даст бигирад.
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон ҳамзамон ба кафолатдлри ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва кафолатдори ҳуқуқи инсон дар Русия муроҷиат мекунад:
Вакилони мӯҳтарам, аз шумо дархост мекунем, ки бо истифода аз имконоте, ки қонун бароятон фароҳам кардааст ва вазифаҳои мустақими худ, ки назорат аз таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон аст дар қазияи 4 гумонбаре, ки бо эҳтимоли зиёд тамоми ҳуқуқҳояшон дағалона поймол шудаанд дахолат кунед. Таъкид мекунем, ки тибқи қонунҳои ҷории Русия, Тоҷикистон ва қавонини байналмилалии ҳуқуқи башар таъмини муҳокимаҳои одилона ҳатмист! Бинобарин аз шумо дархост мекунем то бо истифода аз имконоти ҳуқуқии худ бо гумонбарон вохӯрда аз поймол нашудани ҳуқуқҳои онҳо дар рафти тафтишот итминон пайдо кунед. Хусусан ба вазъи саломатии онҳо аҳамияти хоса бояд дода шавад, чунки дидани чанд наворе, ки аз боздошт ва рафти тафтишот худи ниҳодҳои тафтишотӣ нашр карда буданд дида мешавад, ки онҳо шадидан шиканҷа шуда ба саломатии онҳо зарари ҷиддӣ ворид карда шудааст.
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон инчунин аз ҳукумати Русия қатъиян талаб мекунад, ки даст аз таъқиб ва фишори муҳоҷирони кории тоҷик бардорад! Ҳеҷ вақт ва дар ҳеҷ қонуни дунё наомадааст, ки гуноҳи як нафарро бар дӯши тамоми миллат бор бояд кард ва болои садҳо нафаре, ки қонунан дар Русия буду бош доранд фишор оварда шавад.
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон пешопеш аз таваҷҷӯҳи шумо ба ин қазия ташаккур мекунад ва мунтазири мудохилаи фаврӣ ва фаъолонаи шумо дар ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрванд ва адолати қонун ҳаст.
Кумитаи Шаҳрвандии Наҷоти Гаравгонон ва Зиндониёни Сиёсии Тоҷикистон
30.03.2024
НОМАИ КУШОДА
-
Уведомление: Посухи дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Русия ба номаи раиси КШНГЗС — Зиндониён



