ЗОДРУЗИ ИЗЗАТ АМОН

Накукорона, боҳиммат бимонӣ,
Ҷавонмардона боғайрат бимонӣ,
Худо дорад амон аз ҳар балое,
Ки ту сад сол дар иззат бимонӣ.

Ин дубайтиро чаҳор сол пеш ба шодбоши зодрӯзи Иззат Амон навишта будам ва ин субҳ, чун ба Фейсбук саре задам, онро ёдрас карду то ҳамин лаҳзаҳо натавонистам бознашраш кунам.
Воқеан ман Иззатро беш аз 20 сол аст, ки аввал ғоибона ва баъдан аз наздик мешиносам. Накукорӣ, ҷавонмардӣ, ҳиммат, ғайрат, шуҷоат, савод, огоҳӣ, ватандӯстӣ, дилсӯзӣ, меҳрубонӣ, миллатдӯстӣ ва дигар вижагиҳояшро борҳо шоҳид будаам. Инро ҳам таъкид кунам, то онҳое, ки меъёру маҳаки арзёбиҳояшон фақат манфиати шахсиву гурӯҳияшон аст, бидонанд, ки вай ҳеч гоҳ ҳеч коре барои шахси банда ва ё пайвандонам анҷом надодааст, яъне ҳеч вобастагӣ ва бидеҳкории шахсӣ ва ё ғаразу манфиати шахсӣ надорам. Аммо дидаам, ки чи гуна бо масъулият ва ҷавонмардӣ барои ҳалли мушкили ҳаммиллатону ҳамватанон, ба вижа муҳоҷирони корӣ, дар Русия ва дигар кишварҳо талош мекард ва муваффақ буд.
Ҳоло мутаассифона Иззатро дар пушти милаҳои зиндон нигоҳ медоранд ва намедонам имрӯз зодрӯзашро бо чи азияту шиканҷаи равонӣ таҷлил мекарда бошад ва оё иҷоза медиҳанд, ки зодрӯзашро таҷлил кунад?..
Ин пурсиши бепосух ва бехабарӣ аз ҳоли он дӯсти зиндонӣ ва ҳамин эҳсоси дасткутоҳӣ дар баробари зулм ва беадолатии барбарона ва тасаввури он, ки Иззат пушти панҷараи боздоштгоҳ асту ҳатман ҳоли хубе надорад, қарорамро рабуда буд ва натавонистам чизе бинвисам.
Бо ин ҳама ҳоло каме ҳавосамро ҷамъ кардам то зимни шодбоши зодрӯзи бародари азизам Иззат Амон ва таманнои тандурустиву сарбаландӣ ва раҳоӣ аз ин банди туҳмату беадолатӣ ва панҷаи номардон дархосте аз ҳама дошта бошам. Бояд иҷоза надиҳем як гурӯҳ душмани миллат ва давлати тоҷикон дар ниқоби кормандони ниҳоди қудратӣ як сарсупурдаи миллату давлати тоҷиконро қурбон кунанд. Имрӯз Иззат ва чанд тан тоҷики озодаву сарбаланде мисли ӯ, як рамз, як самбул, як маҳаки имтиҳон барои ҳар нафарест, ки ба мафҳуми озодӣ, ҳуқуқи башар ва адолату додхоҳӣ арзише қоил аст. Агар дар амри раҳоияшон аз банду гирифторӣ ва туҳмату ноҷавонмардӣ муваффақ шудем, пас, метавон ба фардои мо умедвор буд. Агар натавонистем, пас, маҳкум ба ғуломии абад ва нобудӣ ҳастем, ки сазои мо ҳамин хоҳад буд.
Ҳоло раҳоии Иззат ва афродн мимли ӯ зиндонии бегуноҳ баробар ба намоиши иззат, шарофат, каромат, ҷасорат ва пойдории адолат барои миллату давлати тоҷикон аст. Пас, ҳар нафаре, ки сарнавишту обрӯи миллату давлати тоҷикон барояш арзиш дорад, бояд барои раҳоии Иззат коре анҷом диҳад.
Зодрӯзи Иззат фархундаву хуҷаста бод ва Худованд асбоби раҳоияшро ҳар чи зудтар фароҳам созад.

Аз сафҳаи фейсбукии Зафари Суфӣ

Оставьте комментарий

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑