Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Федератсияи Русия, дар посух ба номаи Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ба ин орган, зимни баёни ин ки Омбудсмен “ҳақ надорад ба фаъолиятҳои мақомоти тафтишотӣ дахолат кунад”, эълом кард, ки дархости ин кумита дар бораи ҳодисаҳои 22 марти 2024 “ба инобат гирифта шуд”.
Матни номаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Русия ба шарҳи зерин аст:
Мӯҳтарам Абдусаттор Бобоевич!
Муроҷиати шумо дар бораи ҳодисаҳои 22 марти соли 2024 дар Маскав ба инобат гирифта шуд.
Айни замон, аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор чораҳои зарурии тафтишотӣ гузаронида шуда, барои муайян кардани ҳақиқати ҳодиса тамоми чораҳоро меандешанд.
Дар ин марҳила, тибқи Қонуни федералии конститутсионӣ аз 20 феврали соли 1997 № 1-ФКЗ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия”, Ваколатдор ҳуқуқ надорад ба фаъолияти мақомоти тафтишотӣ ва прокуратура дахолат кунад.
Иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон ва дигар иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ
А.Л.Шкинин
Гуфтанист, раиси КШНГЗС дар санаи 30 марти соли ҷорӣ, дар номае хитоб ба ниҳодҳои марбутаи Русия, дархост карда буд, ки “пайвандони боздоштшудаи ин чаҳор ҷавон фавран озод карда шаванд”. Ва ҳамчунин КШНГЗС тақозо карда буд, ниҳодҳои марбута “ба ин вазъ фаъолона дахолат карда, барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик чораҳои зарурӣ андешад” ва ҳуқуқи онҳо поймол нашавад.

Ҳамчунин аз Омбудсмен хоҳиш карда буд, “аз салоҳиятҳои худ баҳри таъмини ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи мурофиаҳои судии марбут ба иттиҳоми терроризм алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави он ҷойгиранд” истифода баранд.
Ҳамчунин аз Омбудсмен дархост карда буд, ки “ваколатҳои худро барои дидани шахсони гумонбаршуда ва таъмини ҳуқуқи онҳо ба шаъну шараф ва мурофиаи одилона” истифода баранд.
Ва низ тақозо намуда буд, “ба вазъи саломатии гумонбаршудагон таваҷҷӯҳи хосса” бидиҳанд ва ҳамчунин аз ҳукумати Федератсияи Русия тақозо кард, ки “таъқибу зулми муҳоҷирони кории тоҷикро қатъ кунад”.
Номаи КШНГЗС ба Омбудсмени ва соири ниҳодҳои Русия ва Тоҷикистон




Оставьте комментарий